Садои наќорањо фурў менишаст. Њозирон саропо њушу гўш ва аспон зери зинњо шах шуданд. Чењраи Чингизхон њам љиддиву беифода буд. Аз лабони сахт ба њам фишурдаву нигоњи бефосилаи сарди чашмони тангаш гўё зањр меборид.
Баробари аз юртаи ба ќатлгоњ наздиктарин берун кардани Догуланги парчамдўз наќорањо аз забон монданд. Жасавулњои говзўр, аз тањи каши занак гирифта, ба аробаи дуаспа телааш доданд. Дар рўи ароба ўро аз аќиб жасавули гирифтачењраи љавоне дошта меистод.
Ашхоси сафњо, махсусан, занон, ба ѓур-ѓур даромаданд: “Ана, он дўзандазанак! Зинокор! Бешў зойдааст! Ба ин љавонию њусну љамол зани дуюм ё сеюми нойоне шуда метавонист, охир! Нойони пиреро меёфт-ку, њузур мекарду рўзи камиро намедид. Вале, инро бинед, ки ошиќбозї кардаву зойдааст, бењаё! Ба рўи хоќон туф мекард, бењтар буд! Акнун бигзор љазояшро бубинад. Бигзор дар кўњаи шутур дораш бикашанд! Давидани гўсола – то кањдон, хушрўча!” Ин мањкамаи пичир-пичирњо идомаи ѓулѓулаи бадхашмонаи добулбасњо буд. Барои њамин њам чунин баисрору ѓуррон ѓулѓула меандохтанд наќорањои барзаговинапўш, ки майнањоро гиљ кунанду нисбати оне, ки сабабгори хашми хоќон шудааст, адоват барангезанд.
- Бубинед, канизаку кўдакро бубинед! – шодона дод мезаданд занони корвон.
Њаќиќатан њам, Алтун-канизак буд, ки навзоди куњнапечро бардошта меомад. Пеш-пеши жасавули бадвоњимае, дар худ фурў рафтаву њаросон ба чор тараф нигариста, Алтун бар-бари ароба ќадам мезаду бо бори сари дасташ гўё љинояткории дўзандаи мањкуми маргро тасдиќ мекард.
Бад-ин сурат онњоро барои тамошои дањшатноки арафаи ќатл мебурданд. Догуланг мефањмид, ки акнун чизи дигареро чашм доштан имконнопазир аст, дигар на мебахшанду на авфаш мекунанд.
Дар юрта, пеш аз он ки ба шармсоркунї бароран-даш, кўдакро бори охир сина дода буд ў. Тифлаки бадбахти бехабар аз дунё, зери садоњои батадриљ фурўнишини наќорањо, ѓанаб карда буду бо љидду љањд пистон мемакид. Алтун-канизак њамроњашон буд. Дарун-дарун гириста, бо кафи даст дањонашро мепўшид, ки фиѓон накашад. Њамон лањзањо муяссарашон шуд, ки чанд њарфе радду бадал кунанд.
- Вай куљост? – Њарчанд медонист, ки Алтун њам аз ин бобат хабаре надорад, оњиста пичиррос зад Догуланг, бошитоб синаи дигарашро ба дањони кўдак монда.
- Намедонам, - гирякунон љавоб дод Алтун, - ба фикрам, аз ин љоњо дур.
- Кошки! Кошки! – Тавалло намуд Догуланг.
Канизак дар љавоб баалам сар љунбонд. Онњо њарду дар бораи як чиз меандешиданд – кош Эрдене-юзбошї битавонад, ки пинњон бишавад, дуртар бираваду аз чашм нопадид бигардад.