Чингиз АЙТМАТОВ
ПОРААБРИ САФЕДИ ЧИНГИЗХОН
Тарљумаи Низом ЌОСИМ
E-mail: [email protected]
Ба хонанда ќиссае аз роман манзур мешавад. Чист ин – жанри нав оё? Табиист, ки чунин жанр вуљуд надорад. Вале, агар ба назар бигирем, ки дар зиндагї рухдоди ягон чиз аз имкон дур нест, ќиссае аз романи «Рўзе њаст дарозтар аз ќарн» мавриди назар аст, ки дар маљаллаи «Новый мир» чоп шуда буд. Аз тафсилоти он ки чаро дар он даврони њукмравоии идеологї, ки сензорњои њамабин ва «фикрњои боло» таќдири асарро ба таври маъмурї њал мекарданд, нахустќаринаи роман бе ин пора нашр шуд, худдорї мекунам. Бисёр мешуд, ки ба хотири маљмўан «гузаштан»-и китоб аз баъзе порањо сарфи назар кардан лозим меомад, то ки, образнок бигўем, киштии дар он тўфони шадид љониби соњилњои хонандагон равон аз њад зиёд гаронбор нашавад.
«Суруди носурударо то охир сурудан» на њамеша муяссар мегардад. Вале ин дафъа чунин имконият даст дод. Ва ман … ин пораи романи куњнаи «нав»-амро манзур мекунам. Бояд бигўям, ки дар ќисса яке аз ривоятњои шифоњии бодиянишинон оид ба Чингизхон, устурае, ки ба воќеияти таърих кам нисбат дорад, вале аз хотираи мардум зиёд шањодат медињад, корбаст шудааст.
Ќаторањо дар ин бару бум аз ѓарб ба шарќ мерафтанду аз шарќ ба ѓарб…
Дар он шабњои бўронии бањманмоњ, њини убури тумани сафеди паррон, ки бодњо аз њамвории сарди Сарой бармехезонданд, ќаторабонњоро љидду љањди зиёд лозим буд, то миёни барфтўдањои дашти бекарон нимистгоњи Бўрониро ташхис бикунанд. Ќаторањои нимишабии гирдбодолуд дар он тирагї, чун дар хобњои ноорому пуризтироб, меомаданду мерафтанд…
Дар чунин шабњо дунё гўё аз бесомонии азалии хеш бори дигар тавлид мешуд – дашти Сарой, дар банди сардии нафаси хеш, уќёнуси пурѓубореро мемонд, ки дар задухўрди пуразоби нуру зулмот пайдо шудааст…