Се љаллод аллакай тайёр буданд. Онон, ки хилъатњои сиёњи остинњояшон барзада ба тан доштанд, шутури дукўњонаеро ба мобайн бароварданд. Шутур чунон калон буд, ки сари аспсаворон њамагї ба миёнаи шикамаш мерасид. Бино бар набудани чўб, кўчманчиён дар даштњои кушод аз замони ќадим чунин тарзи ќатлро ба кор мебурданд – мањкумшудагонро аз ду тараф дар кўњони шутур меовехтанд ва агар муљрим як нафар бошад, халтаи пур аз рег ба сифати њамтарозуяш хизмат мекард. Њамтарозуе чунин барои Догуланги зардўз низ омода буд.
Љаллодон, бо дўѓу даранг ва зарбањои чўб, уштури пурхашмона ѓурронро маљбур карданд, ки поњои дарози барљастаустухонашро зери худ ѓундошта, ба замин бихобад. Дор тайёр шуд.
Наќорањо боз батадриљ ба хурўш даромаданд, то ки дар лањзаи зарур якбора ѓулѓула ангезанду дилу майнањоро карахту гаранг кунанд.
Нойони наровоз, аз афташ ин даъфа барои дилхушї, боз ба зардўз рў овард:
- Охирин бор мепурсамат. Ту, фоњишаи беаќл, аздусар мемурї, њаромиат њам зинда намемонад! Чї хел бифањмем, охир, наход надонї, ки аз кї буѓўз шудаї. Шояд, боз камтар зўр зада, ба ёд меорї?
- Ким-кай, аз ин љоњо дур рўй дода буд ин воќеа, - посух дод зардўз.
Њар-њари мардону чирроси занон фазои даштро пур кард.
Нойон бошад, њељ таскин намеёфт:
- Пас, дар бозор љўр шудед?
- Њов, дар бозор! – Барќасдона гуфт Догуланг.
- Савдогар буд ё овора? Балки дузди бозор буд, ња?
- Савдогар буд, овора буд, дузди бозор буд – намедонам, - такрор кард ўро Догуланг.
Боз њар-њару чиррос ба фазо печид.
- Фарќаш чї барои ин, ки савдогар аст, овора аст ё дузди бозор, муњимаш – он кор!
Њамин ваќт, ѓайричашмдошт, аз сафи сарбозон садое баромад - касе буррову баланд дод зад:
- Манам падари кўдак! Бисёр донистан бихоњед, манам!
Њама якбора хомўшу карахт шуданд – кист ин? Кист, ки дар лањзаи охирин ба фарёди марг љавоб дод, дар лањзае, ки рози ошкорнакардаи зардўзро абадї бо хеш мебурд?
Ва, чун аспи пешониќашќаашро мањмез занонда, Эрдене-юзбошї аз ќатор баромад, њама моту мабњут шуданд. Ў, Оќжулдузро боздошта, ба тўдаи мардум рў оварду баланд такрор кард:
- Бале, ман! Ин писари ман аст! Номаш – Ќунан! Модари писарам – Догуланг! Худам – Эрдене-юзбошї!