Худи он дўзандазанаки мањкуми дор, гиребончоку мўпарешон, савори ароба, аллакай аз назди сафњои ќўшуну корвон равон аст ва мўњои сиёњи анбўњаш, ки аз нури офтоби субњ чун ангишти муљалло медурахшанд, рўи камхуну рангкандаашро пўшонда-анд. Вале сарашро паст намегирифт Догуланг ва бо нигоњи тињиву њасратбор ба атроф менигарист – дигар чизи пинњон мекардагї надорад ў. Њо-о, ана, он зан, ки мардеро беш аз љонаш дўст доштааст ва, ана, тифли мамнўъи ў, ки аз ин ишќ тавлид шуда!
Лекин одамон беш аз ин донистан мехостанду дод мезаданд:
- Э байтал, куљост айѓират? Кист ў?
Ва, аз эњсоси бешууронаи айб худ ба худ ба ваљд омадаву хашмитар шуда, фарёд мезад издињом, ки хешро зудтар аз ин гуноњи ќабењ ворањонад:
- Биовезед ќанчиќро! Зуд биовезед! Дер кардан чї лозим?
Созандагони маросими ќатл шояд умед доштанд, ки тўдаи беш аз пеш хашмї рўњи зардўзро шикаста метавонад. Нойони наровозу њангомахоње, ки ба хотири хоќон ба њама кор омода буд, аз ињотаи хон људо шуда, сўи он сањнаи дилфишор - аробае, ки зардўзи мањкумро мебурд ва канизаки тифл сари даст бар-бари он равон - асп тозонд.
- Биистед канї! – Аз роњ боздошт онњоро ва, ба сафи саворон рў оварда, дод зад: - Гўш кунед њама! Ин бењаё бояд аз кї зойданашро бигўяд! Бигўяд, ки бо кї алоќа доштааст! Ку, бигў, падари кўдакат дар байни њамин мардон аст?
Догуланг љавоби рад дод. Ѓулѓулае сафњоро фаро гирифт.
Ароба аз назди дастае пеши дигараш мерафту юзбошињо садо мекарданд:
- Дар дастаи ман нест! Шояд дар дастаи туст он чаќќон?
Њамзамон он наровоз баисрор аз занаки зардўз талаб мекард, ки падари навзодашро нишон бидињад.
Ана, боз аробаро рўбарўи дастае нигоњ доштанд ва боз њамон савол садо дод:
- Нишон бидењ, љалаб, аз кї зойдї?
Мањз дар њамин саф, дар сари њамин даста буд Эрдене-юзбошї, савори Оќжулдузи пешониќашќааш. Нигоњњои Догулангу ў ба њам бархўрданд. Вале дар он ѓулѓулаву бесомонї касе диќќат надод, ки ба чї душворие нигоњњояшонро аз њам барканданд онон, чї хел, мўњои парешонашро аз пешонї дур карда, як ќад парид Догуланг, чї гуна чењрааш лањзае шўълавар гашту њамоно хомўш монд. Танњо як Эрдене тасаввур карда метавонист, ки ин як лањзаяки дидор барои Догуланг чї ќимате дораду дар дилаш чї шодиву њасрате барангехтааст. Дар љавоби нойони наровоз Догуланг, њушёр шудаву худро ба даст гирифта, боз ќатъї љавоб дод:
- Не, ин љо нест падари кўдаки ман!
Боз њам касе диќќат надод, ки Эрдене-юзбошї якбора сар ба замин афканд ва њамоно бо як зўре худро ором вонамуд.