Бечора Алтун, чун майсаяки зери суми асп, чї кор њам карда метавонист, дар сурате, ки Эрдене-юзбошї љуръати худро нишон додан надошт. Муќобили дањ жасавули мусаллањ аз дасти ў чї њам меояд, љуз мурдану як ё ду нафарашро бо худ бурдан? Вале чї суд аз ин? Гала-гала зўранд ин жасавулњо. Фурсат мепоянд, ки њамакаса дарафтанду азият бидињанду хун бирезанд!
Эрдене-юзбошї дид, ки жасавулњо Догулангу кўдакро ба ароба шинонданд, Алтун-канизакро њам бор карданд ва дар торикї куљое бурданд.
Ва бо њамин хапу хомўш шуд њама љову истгоњ холї монд.
Танњо акнун аз ким-куљои ќароргоњ ак-аки сагону шињаи аспон ва садоњои номафњуме шунида мешуданд.
Гулхани назди юртаи Догуланги зардўз кўрдуд мекард. Ахтарони дурахшон, ин њама љонканиву гирудори одамиро хомўшона фурў бурда, чунон бетафовут ба фазои тињї менигаристанд, ки гўё ногузир буд рух додани ин воќеа…
Эрдене-юзбошї, чун дар хобу хаёл ќадам нињода, бо панљањои дарзамон карахту сардгаштааш лаљоми аспи зиёдатиро даст-даст кард ва, бе эњсоси њаракоти хеш, онро бароварда, ба тањи пои асп партофт. Оњани лаљом хираяк садое дод. Эрдене нафастангї эњсос намуд, њаво гирифтанаш торафт вазнинтар мешуд. Бо вуљуди ин, ќуввате дар хеш дарёфта, ба пушти асп тап-тап зад. Дигар даркор набуд он асп, озод буд он акнуну зарурате надошт, бино бар ин, сарњўёна чорхез зада, ба галаи наздиктарин пайваст. Эрдене-юзбошї бехудона ќадам мезаду намедонист куљо меравад ва барои чї меравад. Аз аќиб оњиставу бесадо пешониќашќааш Оќжулдуз – аспи бовафои љангиаш ќадам мезад, аспе, ки ба сад набардаш бурда буд, вале натавонист савори он аробаи зани дўстдоштаву тифли навзодашро рањнамої кунаду аз ќисмати бад бигурезонад.
Эрдене, чун нобино, таваккалбахудо ќадам мезаду ашки шашќатораш бар ришаш мешорид ва нури сарди моњ рўи китфони хамидаву ларзонаш њаракат мекард… Сар-сарї мегашт ў чун дарандаи танњои аз гала рондаву дар дунёи бекарон ба њоли худ монда, ки битавонад, мезияду натавонад, мемирад. Роњи дигар надорад ў… Чї кор бикунад, сарашро ба куљо бизанад? Ѓайр аз мурдан, корде ба сари сина, ба дили беамон нолони хеш задану худро њалок намудан ва бо њамин дарди сўзони онро таскин бахшидану ќатъ кардан ва ё несту нобуд шудан, бебозгашт гурехтану абадї дар ягон гўр нопадид гардидан илоље нест ўро…
Юзбошї, худро ба рўи хок афканда, беовоз фиѓон кашид, ба шикам хазида, бо нохун сангњоро харошид, вале дили хок нарм нашуд, пас ў сари зону хест ва даст ба корди бари миёнаш бурд…