Аспи эњтиётиро, чун саги шикорї, аз паси саманди хеш бурда, Эрдене-юзбошї бошишгоњњоро осуда паси сар кард ва, ба ќофилае, ки юртаи Догуланг дар ќарибињои он буд, наздик шуда, худо мегуфт, ки ба нозирони шабгарди нойон барнахўрад. Нозирони нойон - хиратарину берањмтарин дастањои посбонон - баногоњ агар сарбозеро сархуши ќимиз њам дарёбанд, њељ тањаммул намекунанд - ба љои асп ба ароба мебанданду аробакаш ќамчинкўбаш мекунад…
Нияти дастаи худро тарк гуфтану рў ба фирор нињодан намуда, Эрдене медонист, ки агар дастгираш кунанд, љазои олї – дар намад печонда, хафакуш кардан ва ё овехтан тањдидаш дорад. Илољи дигар танњо ба даст наафтодан, ба марзу буми дуру бегона рафтан асту халос.
Имшаб њам мањтобї буд. Дар атроф, то дурї, бошишгоњњову галањо ба назар мерасиданд ва њама љо, пеши гулханњои хомўшшуда, сарбозон мехобиданд. Дар байни ин ќадар одаму ароба касеро њам ба куљо рафтани касе кор набуд. Ба њамин умед дошт Эрдене-юзбошї ва, агар ќисмати носозгор намешуд, ўву Догулангу писаракашонро фирор намудан муяссар мегардид…
Ба бошишгоњи њунармандон наздик шудан баробар, юзбошї фањмид, ки балое сар задааст. Хез зада, аз зин фуромад ва, лаљомњоро таранг ба даст гирифта, дар паноњи аспњо карахт шуд. Оре, мусибат рух дода! Дар назди юртаи канорї гулхани калоне месўхту атрофро бо алангаи изтиробангез рўшан мекард. Дар пеши он таќрибан дањ жасавул, баланд-баланд сўњбат карда, аспсавор меистоданд. Чанд нафаре, ки пиёда шуда буданд, аспу аробаро ќўш мекарданд, њамон аробаеро, ки ўву Догуланг имшаб савораш гурехтан мехостанд. Баъд Эрдене дид, ки жасавулњо Догулангро бо кўдак аз юрта берун карданд. Пўстини савсораш ба тан, ранги рўяш канда ва бепаноњу њаросон, тифлро ба сари синааш зер карда, дар рўшании гулхан меистод ў. Жасавулњо ким-чиаш мепурсиданд. Њар замон дўѓу дарангашон ба гўш мерасид: “Љавоб бидењ! Љавоб бидењ, мегўям! Фоњишаи осї!” Баъд нолаи Алтун-канизак баланд шуд. Бале, овози ў буд ин, бешубња, овози ў. Дод мегуфт, ки “Ман аз куљо медонам?! Охир, барои чї маро мезанед? Чї медонам, аз кї таваллуд кардааст ў? Охир, ана дар њамин љо, њамин њозир нашудааст-ку ин кор! Кўдакро, худатон мебинед, нав зойдааст, лекин, наход нафањмед, ки ин воќеа нўњ моњ пеш рух додааст! Пас ман аз куљо медонам, ки ў кай ва бо кї он корро кардааст? Чї маро мезанед, охир!? Вай бечорањакро чї метарсонед, охир, кўдаки навзод дорад ў! Магар дар хизмати шумо набуд ў ва байраќњои љангиеро, ки зерашон ба юриш меравед, оро намедод? Пас барои чї нобудаш мекунед, барои чї?”