Дашт хомўшу тињї ва фазояш ситоразор буд. Танњо як аспи вафодораш Оќжулдуз зери нури мањтоб, хур-хур садо карда, пуртоќатона амри соњибашро интизорї мекашид…
Он субњ, ќабл аз рањакї шудан, наќорачиён, ки пешакї дар пуштае љамъашон карда буданд, бо садои хеш ќўшунро ба гирдињамої даъват намуданд. Добулбасњо, бонги изтиробангези шадиду њардамафзое бароварда, дергоњ хомўш нашуданд. Наќорањо, наќорањои пўсти барзагов, чун дарандаи бадомафтода, дурудароз ѓурида, издињомро ба ќатли зинокорзани парчамдўз, ки кам касон Догуланг ном доштанашро медонистанд, - зане, ки дар юриш кўдак зодааст, - мехонданд.
Ва зери ѓулѓулаи афсунгари наќорањо, сад паи сад, пуштаро нимињота карда, саф кашиданд дастањои чун дар намоишњо саропо мусаллањ; дар ду тараф бошад, аробањои пури бору банд ва ашхоси ёвар, њунармандони мухталифи юриш – юртасозњо, аслињасозон, саррољон, дўзандањо – занону мардоне љой гирифтанд, ки њама љавон ва дар айни борварї буданд. Барои тарсондану панд додани онњо барпо мешуд ин ќатли ибратбахш. Яъне, њар касе, ки љуръати вайрон намудани амри хоќон бикунад, аз умр бенасиб хоњад гашт!
Добулбасњо, хунро дар рагњо сард намуда, њамоно рўи пушта ѓулѓула доштанд. Ин садо вуљудњоро аз тарс карахт мекарду ба амале, ки бо райъи Чингизхон сурат мегирифт, розї ва, беш аз ин, њамдил мегардонд.
Инак, зери бонги мунтазами добулбасњо, рўи тахти равони зарин худи хоќон, ки ќатли осизани махуф - осизанеро, ки аз кї зойданашро њељ ошкор накард - ороста буд, ба пушта боло шуд. Тахти равонро рўи пуштаи хазонранг, миёни парчамњои аз нурњои нахустини офтоб дурахшону аз шамоли дашт парафшон фуроварданд. Рамзи хоќон буд аждањорњои оташнафаси бо тамоми ќувват паррони парчамњо, вале ў, хоќон, гумоне њам надошт, ки дўзандаашон варо не, дигареро таљассум кардааст. Дигареро, ки аждањори чобуку љасури хилватгањи оѓўшаш буд. Ва касе аз њозирин пай њам намебурд, ки акнун мањз барои њамин сарашро ба бод медињад.
Он лањза торафт наздиктар мешуд. Наќорањо батадриљ садояшонро паст мекарданд, то пеш аз ќатл батамом сукут биварзанду хомўшии гаронеро, ки дар интизории мудњишаш ваќт бењудуду бекарону бењаракат мешавад, шиддат бубахшанд ва баъд, боз баланду бадхашмона ѓулѓула афканда, лањзаи ќатъи зиндагиро бо садои вањшатбори хеш пур бисозанду дар вуљуди махмури њар яке аз шоњидон эњсоси ќасду кина ва шодмонии нињониеро барангезанд, ки мањкуми ќатли дор ў не, дигарест.