Баъд аз он ў дигар ба љанг надаромад. Њамсари аз асорат рањондаашро ба ароба шинонда, аќиб гашт. Мекўшид худро нигањ дорад, то дарњол он чизе, ки вуљудашро сўхт, аз дањанаш набарояд. Баъд тамоми умр худро хўрд. Мефањмид, ки занаш на бо ихтиёри худ ба дасти душманон афтод. Вале ба чї ќимате зинда монд ў? Як тори мўяш њам кам нашуд. Маълум буд, ки дар асорат азобаш надодаанд, азиятдида гуфтан мумкин набуд ўро. Вале баъдан њам дар ин бора миёни онњо гуфтугўи рўирост доир нашуд.
Ваќте он меркитњои камшумор, ки пас аз торумор ба дигар мамолику љойњои дастнорас кўч баста натавониста буданд, дигар хавфе њам надоштанд – ё чўпону хизматгор шуда буданд ё ѓулом – сабаби ќасоси бењад берањмонаи Темучинро, ки аллакай Чингизхон шуда буд, касе намефањмид. Њамаи меркитњо, ки гурехтан муяссарашон нашуда буд, аз дами теѓ гузаштанд. Ва дигар касе аз онњо гуфта наметавонист, ки ба Бортэи ў, дар рўзњои асораташ дар ќабилаи меркитњо, алоќае дошт.
Баъдан Чингизхон боз се зан гирифт, вале чизе дарди зарбаи нахустину мудњиши ќисматро дар дилаш даво карда наметавонист. Ба касе ошкор намесохт, вале њамон дард, њамон захми хунчакон дар дил зиндагї мекард хоќон. Ваќте ки Бортэ нахустфарзандаш – Љўчиро ба дунё овард, Чингиз-хон аниќ њисобукитоб кард, ки писари ў будани кўдак њам мумкину писари бегона њам. Каси номаълуме густохона ба номуси ў даст зада, умрбод ќарорашро рабуда буд.
Ва њарчанд он марди номаълуми дигар, ки занаки парчамдўз њангоми юриш аз ў таваллуд карда буд, ба хоќон муносибате надошт, хуни њоким туѓён намуд.
Баъзан як сабаби ночиз њам одамро ба њолате меорад, ки дар як мижа задан дунё пеши чашмаш чаппаву роста мешавад ва на чуноне менамояд, ки лањзае пештар - матлубу маъќул метофт… Мањз чунин гардише рух дод дар дили хоќони кабир. Атроф њамон хеле буд, ки то ин хабар пеши чашм метофт. Пеш-пешаш, савори сиёњмушкинњо, дар даст байраќњои парафшони аждардор, њамоно парчамдорон мерафтанд; зери зинаш, чун њамеша, йурѓааспаш Хуба чорхез мезад; аз ду бару аќибаш, савори самандњои хушзот, бо эњтироми тамом ањли рикобаш роњ мепаймуд; атроф пур аз посбонони содиќаш – дастањои кезегулњо буд; дар тамоми пањное, ки ба чашм мерасид, туманњои муќтадири љангиаш ва такягоњи онњо – њазорон аробањо њаракат мекарданд. Болои сараш, бар фазои он њама сели одамї, дар осмон абри сафеди бовафояш, њамон абре, ки аз нахустин рўзњои юриш аз њимояти Осмони Воломаќомаш шањодат медод, шино дошт.