Њама чиз чун пештара менамуд, вале чизе дар ин дунё бељо шудаву таѓйир хўрда буд, ки боиси хашми њардамафзои хоќон мегардид. Маълум мешавад, касе аз амри ў сар печидааст, нафси белаљоми шањвониашро аз нияти ў боло гузоштааст, дониста зидди фармудаи ў рафтааст! Касе аз сарбозони ў, бештар аз хизмати садоќатмандонаву итоати бечунучарои хоќони хеш заневу нозболини варо хостааст! Кадом як нокиро занаке, амри ўро вайрон карда, љуръати зойдан намудааст!.. Дўзанда будааст! – Чї, љуз ў дигар байраќдўз ёфт намешавад?
Ин фикрњо, мисли аљириќу буттазори вањшї, дар вуљудаш фаровон мерустанду пеши чашмашро бо пардаи хашм мепўшиданд ва ў, њарчанд мефањмид, ки ин њодиса аслан кирої несту ба он ањамияти хосае додан намебояд, садои дигаре, ки омиронатару ќодиронатар буд, љазои сахт, ќатли ногўшнавњоро дар пеши чашми тамоми ќўшун њарчи берањмонатар исрору талаб мекарду фикрњои дигарро њарчи бештар пахшу танг менамуд.
Њатто Хуба, ки хоќон он рўз зинашро тарк нагуфта буд, гўё вазни изофаю њардамафзое эњсос кард: йурѓааспи хастагинопазире, ки њамеша чун тири камон рост њаракат менамуд, араќшор шуд; ин њол пештар рух намедод.