Аз нав, хуншор шудаву дилу љонашро сўзонда, љароњати замони љавониаш ба ёд омад; замоне, ки ў њанўз номи аслиаш - Темучинро дошт ва њоло касе гумон намекард, ки аз он саѓераи бепадар - Темучин Њокими Љањор Сўи Олам мерўяд; он ваќт ў худ низ њанўз дар хусуси ба ин монанд чизе фикр намекард. Њамон айёми дур, дар айни љавонї вай фољиаи нангинеро аз сар гузаронд. Зани љавонаш – Бортэро, ки волидони Темучин њанўз дар кўдакиаш хостгорї карда буданд, дар асалмоњи хонадориашон, њангоми њуљуми ќабилаи њамсоя – меркитњо дуздиданд ва то ў, њангоми њуљуми навбатї, боз ба даст овардаш, ки рўзњои зиёде сипарї шуд, рўзу шабони бешуморе гузаштанд, ки барои њисоби аниќашон акнун њам, агарчи бо ќўшуни бисёрњазора ба фатњи Ѓарб мерафт, то номи худро дар маснади салтанати љањонї барќарору абадан дастнорас бисозад ва њамаро – рўпўшу фаромўш, мадораш намерасид.
Он шаби дур, ваќте ки меркитњои палид, баъди гирудори серўзаи хунин, бетартибона гурехтанд; галањову ќароргоњашонро партофта гурехтанд; зери фишори мудњиши берањмона, танњо барои љони ночизашонро рањо кардан, аз ќасос гурехтанд; ваќти амалї гаштани савганди интиќом, ки нидо мекард:
… Парчами куњану аз дурњо аёни худро
Пеш аз юриш дар хуни хасм тар кардаам
Ва наќораи ѓулѓулафкани хешро,
Ки пўсти барзагов ба рў дорад, ба садо овардаам.
Ба саманди сияњёли хеш нишастаам,
Љавшани бешикаст ба бар кардаам.
Шамшери беамон ба даст бигрифтаам,
Бо меркитњо то мурдан хоњам љангид…
Мардуми меркитро то кўдаки гањвора нобуд
хоњам кард
Ва то лонаи чуѓз шудани маконашон…
- ваќте ки дар он шаби фиѓону нола ин савганди мудњиш пурра ба иљро расид, њамроњи осемасар гурезандагон, ки таъќиб мешуданд, аробаи рўпўшидае њам бошитоб он маконњоро тарк мегуфт. «Бортэ! Бортэ! Куљої? Бортэ!» – бо тамоми овоз фарёд мекард Темучин, маъюсона худро ба чор тараф задаву дар ягон љояш наёфта ва оќибат, њангоме ки ба аробаи рўпўшида расиду одамонаш сарибод аробакашро ба љањаннам фиристоданд, Бортэ ба фарёдаш љавоб дод: «Ман ин љоям! Ман – Бортэ!» – ва аз ароба парид, ў низ худро аз асп афканд, њарду ба истиќболи њам шитофтанду якдигарро миёни пардаи тирагї ба канор кашиданд. Ва њамон лањзае, ки њамсари љавонашро сињату саломат дар оѓўшаш дарёфт, чун зарбаи ногањоние ба дилаш, бўи ношиносу бегонаи, аз афташ мўйлабњои сахт дуди тамокуолударо, ки дар гардани гарму нарми ў монда буд, эњсос кард ва лабони хешро, то хуншор шудан газида, љобаљо карахт шуд. Дар атроф њамоно набарду гирудор, зумраеро нест кардани дигарон идома дошт…