Ва чун фањмид, ки халосшуда парчамдўз аст, бењад њайрон шуд, чунки то њол боре ба хаёлаш наомада буд, ки касе ба ин кор машѓул аст, яъне, парчамњои зарини ўро мебураду медўзад, њамчунон ки фикр накарда буд – касе мўзањояшро бахиядўзї мекунад ва ё юртањои навбанаве месозад, ки умраш зери гунбазашон мегузашт. То њол ин майда-чайдањо дар хаёлаш намегунљид. Чаро њам худро ба ин фикрњо гаранг кунад, магар ин байраќњо, ки чун гулханњои пешакї афрўхта ќабл аз њузури худаш дар ќароргоњњо, миёни лашкар, дар набарду базмњо пайдо мешуданд, бар фарози ўву лашкараш худ ба худ мављуд набуданд? Ана, њоло њам, пеш-пеш, барои ў роњ кушода, парчамдорон равонанд. Ў ба Ѓарб юриш дорад, ки парчамњои худро он љо парафшон кунаду байраќњои бегонаро зери поњо афканад. Њамин тавр хоњад шуд… Чизеву касе сари роњи ўро гирифта наметавонад. Майдатарин сарпечии њар кадоме аз њамроњонаш, ки бо ў ба љањонгирї равонанд, фаќат марг аст. Љазо ба хотири мутеъ кардан – њамин аст воситаи таѓйирнопазири њукми як кас бар њамагон.
Вале дар ин маврид натанњо занаки зардўз, балки боз каси дигаре њам аз ањли корвон ва ё ќўшун гунањкор аст… Кист он?
Аз њамон лањза табъи Чингизхон хира шуд. Ин аз чењраи беифода, нигоњи вазнин ва нишасташ рўи зин, ки гўё муќобили шамоли сахт ќарор дошта бошад, аён буд. Вале ягон нафари ононе, ки бино бар корњои таъхирнопазирашон љуръати ба ў наздик шудан карда буданд, намедонистанд, ки хиратабъии хоќон начандон аз ифшои воќеаи густохонаи фармоншикании кадом як дўзандаву мањбуби номаълумаш, балки бештар аз он аст, ки ин њодиса ќиссаи тамоман дигареро хотиррасонаш кард; ќиссаеро, ки дар дилу љонаш наќши талху носутурдании нангине гузошта буд.