Њама чиз чун пештара буд. Пеш-пеш, савори самандњои сиёњмушкин, парчамдорон мерафтанд. Баъди онњо, дар ињотаи кезегулњову ањли рикобаш – Чингизхон. Зери зини ў йурѓааспи дўстдоштааш – Хубаи ёлсафеди думсиёњ мавзун ќадам мезаду дар тори сараш, ноаён нигоњи хоќонро ороставу ѓурури бе ин њам базўр фурўнишини дилашро афзуда, чун њамеша њамсафари људоинопазираш – абраки сафед њаракат мекард. Њељ аз ў људо намешуд он. Дар рўи замин бошад, аз карон то ба карони пањноро пур карда, издињоми одамї – фављ-фављи сарбозон, аробањо, лашкари бењисоби Чингизхон равон буд. Садое чун ѓурриши бањри шўрида фазоро пур медошт. Ва ин њама, тамоми ин сели равони одаму аспу аробаву силоњу дороиву њайвонот, таљассуми ќудрату ќуввати ў буд, ба ў вобастагї дошту аз сарчашмаи ниятњои ў об мехўрд. Ва он лањзањо, рўи зин, ў њамоно дар бораи чизе меандешид, ки касе љуръати андешиданаш дошт ё на – андешааш аз хусуси салтанати дилљўи љањонї, давлати ягонаю љовидонаи рўи замин буд, ки баъди марг њам дар он њукм хоњад ронд. Чї гуна? Тавассути амру фармонњое, ки дар зиндагиаш абадї рўи лавњњои сангин сабт кардааст. Ва, то барљо будани он харсангњо, ки фармонњои собиташон тарзи њукмронии оламро нишон медињанд, амри ў дар ин дунё вољиб хоњад буд.
Рањравон он лањзањо хоќон дар њамин хусус фикр мекарду андешаи љолиби катибањои сангї, њамчун воситаи дарёфти умри абад, аллакай оромаш намегузошт. Ќарор дод, ки бо ин кор њамин зимистон, дар соњили Итил машѓул бишавад. Дар интизори фурсати убур шўрои уламову хирадманду ѓайбдонњояшро љамъ мекунаду андешањои пурбањо-яшро оид ба давлати љовидон иброз дошта, амру фармонњо медињад ва он њама бетаъхир дар харсангњо сабт мешаванд. Он гуфтањо дунёро чаппагардон мекунанд ва олам њама сар ба ќудуми ў меорад. Бино бар ин њам, ў ба юриш равон асту мебояд кулли мављудоти рўи замин ба ин маќсад хизмат бикунад. Ва њар чизе, ки хилофи ин маќсад асту ба комёбии юриш мусоидат намекунад, мањкуми бартараф намудану решакан кардан хоњад буд.
Боз илњоми шеър гуфтанаш омад:
Аз алмосњои беназири давлати хеш
Дурахшон моње дар осмон устувор мекунам. Оре!..
Мўри пайроњаеро њам гурез нест
Аз оњанин суми аспони лашкари ман… Оре!
Анбони таърихро
Аз саѓрии араќшори аспи ман
Авлоди ќадрдонам бармедоранд
Ва ќадри ќудрат дармеёбанд… Оре!