Беваќтии он шаб, савори саманди пешониќашќааш Оќжулдуз, аз пањлўи ќўшуни дар бошишгоњу ќароргоњњои корвон фориѓ гузашта, юзбошї воќеаи пешомадро меандешиду ба хотири мављуди навзоду бегуноњтарин аз Худо мадад мехост; охир, њар як навзод пайке аз нияти Худост, пайки нияте, ки мувофиќи он замоне ягон кас чун Худо дар сурати одамї зуњур мекунад ва њама мебинанд, ки инсони њаќиќї бояд чї сон бошад. Худо Осмон аст, Осмони бекарон, Осмоне, ки аќл ба даркаш ољиз аст. Ва як ў медонад, киро чї сарнавиште бидињад – кї ба дунё биёяду умр бубинад.
Эрдене-юзбошї кўшиш кард аз рўи зин фазои ситоразорро назора бикунад, фикран Осмонро зорї бинамояду ботинан посухи ќисматро бишнавад. Вале Осмон хомўш буд. Мањтоби танњо, дар намуди сели бунафши анвор, бар дашти Сарой, ки андар оѓўши хобу пурасрории шабистон буд, фурў рехта, дар ављ салтанат дошт…
Сањар, мардумро ба хестан, мусаллању ба аспњо савор шудан, бору бандро ба аробањо бор кардан водор намуда, боз добулбасњо ба ѓулѓула даромаданд ва боз издињоми сањроии Чингизхон, мафтуну маљбури њокимияти тавонои хоќон, сўи Ѓарб роњ пеш гирифт.
Рўзи њабдањуми юриш буд. Ќисми зиёд – љойњои душворгузари дашти Сарой аќиб монд, имрўз-пагоњ дарёбоди Жаиќ оѓоз мешуд, аз он пас роњ сўи Итили бузург – дарёе, ки дунёи хокиро ба ду ќисмат – Шарќ ва Ѓарб људо мекард, тўл мекашид.