- Хайр, ин хел бошад, дигар манъат намекунам. Ба љоят бираву то Оренбург истироњат кун. Лекин дар он љо шайкак барин тайёр бошї! Фањмидї? Њангоми рўбарўкунї набояд ягон дудилагї бошад. Боз «ёд надорам, намедонам, фаромўш кардаам» накунї… Њамаашро, чї хеле ки њаст, бигў вассалом. Аз боќии кор ташвиш нашав. Он тарафашро худамон соз мекунем. Ана, њамин хел. Њозир навис-навис намекунем, бирав, дам бигир, дар Оренбург, натиљањои рўбарўкуниро љамъбаст ки кардем, аз рўи ќоида коѓазњоро имзо мемонему ту баёнотатро тасдиќ мекунї. Њозир – бирав, ба гумонам, маслињатамон наѓзакак пухт. – Бо њамин суханон Тансиќбоев Абўтолибро ба њуљразиндонаш роњї кард.
Аз њамон лањза Абўтолиб гўё зиндагии наве оѓоз намуд. Ба назараш чунин мерасид, ки ќатора гашташро тезтар кардааст. Аз тиреза бошитоб манзарањои шиноси шинос мегузаштанд – даќиќањои башумор монда буд то Бўронї. Ором шудан, худро ба даст гирифтан, сабр кардану ба њар гуна саранљоми хеш омода гардидан, вале, пеш аз њама – суръати ќатораро мўътадил намудан лозим буд. «Кош оњистатар мерафт» – аз дил гузаронд Абўтолиб, кадом як ќудратеро тавалло намуда ва, базудї эњсос кард ё ба назараш чунин тофт, ки ќатора суръаташро кам карду батадриљ шитоби бењади манзарањои паси тиреза ќатъ гардид. Он гоњ ба худ гуфт: «Чизе бихоњам, мешавад!» – ва каме осуда гашту нафасгардонаш гузашт; пас, бо тамоми вуљудаш ба тирезаи панљарадор часпида, мунтазир шуд.
Воќеан њам, ќатора ба дуроњаи Бўронї, ба он љое наздик мешуд, ки бахти бад Абўтолибро бурда буд; ба маскани нав хў гирифта, орзу дошт то калон шудани бачањо нобасомонињои айёмро он љо сипарї созад. Вале њамин њам насиб набудааст: ин замон оилааш њаволаи таќдир буду худаш аз он манзилу макон мањбуси њуљразиндон мегузашт.