- Хуллас, - коѓазњоро аз пешаш дур кардаву ба Абўтолиб нигариста, хомўширо халалдор намуд Тансиќбоев, - боварї дорам, ки њамдигарро мефањ-мем, халосиат танњо дар њамин аст. Рўбарўкунии Оренбург чизи асосиро маълум хоњад кард – ё ту ба ман ёрї дода, ба гуфтаам кор мекунї, ё ман њама корро мекунам, ки биступанљ сол ё шояд њукми паррон бигирї, он ваќт пушаймонї судат намекунад. Њамаашро худат наѓз мефањмї. Њоло навбати худи Тито њам мерасад, Титое, ки шумо ин ќадар солњо дар хизматаш будед. Ин кор зери назорати худи Иосиф Виссарионович аст. Ягон кас бељазо намемонад. Њамаро берањмона решакан мекунем. Хуллас, азизам, шукр кун, ки ман бадї намехоњамат. Ту њам набояд ќарздор бимонї. Маќсад фањмо?
Абўтолиб хомўш буд. Вай, саропо ба дањшат афтода, дар дилаш даќиќањои ба нимистгоњ расиданро љамъутарњ мекард. Љигарбандонро аќаллан аз тиреза дидан насиб набудааст - ин фикр майнаашро пармасон афгор мекарду афгор мекард.
- Чї хап кардї? Туро мепурсам ман – маќсад фањмо? – Ба љонаш мерасонд Тансиќбоев.
Абўтолиб сар љунбонд. Албатта, мефањмад ў маќсадро.
- Кайњо бояд ана њамин хел мешуд! – сарљунбониро аломати розигї дониста, гуфт Тансиќбоев ва бархоста, пеши Абўтолиб омаду њатто даст ба китфаш нињод. – Медонистам, ки беаќл нестї ту, љигит, медонистам, ки ба роњи дуруст медарої оќибат. Пас, гап пухт. Ягон гумони дигар накун. Ба гуфти худам кардан бигир. Аз њама муњимаш – њангоми рўбарўкунї натарс, рост ба чашмашон нигоњ куну њама гапро, чї хеле ки њаст, бигў. Попов резидент аст, бигў, аз соли чилучор љосуси разведкаи Англия аст, пеш аз бозгашт дар машварати худи Тито њузур дошт, супориши дарозмўњлате дорад, ки њангоми нотинљињо амалї мекунад, бигў. Тамом, њамин ќадар кифоя. Акнун дар хусуси Сайфуллини тотор, Сайфуллин дасти рости Попов аст, бигў, бас. Он тарафашро худамон дуруст мекунем. Натарсида гуфтан бигир. Аз ягон чиз парво накун, аз ягон чиз. Сахт ваъдаат медињам. Ана, њамин хел. Бо душманон гапро зиёд намекунем мо – аз беху бун канда мепартоемашон. Лекин бо дўстон – гапи дигар – њамкорї мекунем, фаромўш накун. Инро њам аз ёд набарор, ки бо ман шўхї кардан оќибати хуб надорад. Воќеан, чї ин ќадар рангпаридаву араќшорї, мазаат нест-чї? Ё њаво бад аст?
Гўё чизи ѓализе хўрда бошад, Абўтолибро сар чарх мезаду дил мешўрид.
- Ња, худамро бад њис мекунам, - ин њолатро рафъ карда, базўр гуфт ў.