Абўтолиб бо чунон диќќате ба берун менигарист, ки гўё чизњои дидаашро тамоми умр, то нафаси вопасину нури охирини чашмон ба ёд гирифтанаш зарур бошад. Ва њама чизе, ки ў дар он соати пеш аз ними рўзи бањманмоњ медид – барфтўдањову пораяке марѓзор, дашти гоњ пурбарфу гоњ урён – њамаро чун хоби шарифе бо њаяљону зориву дўстдорї мепази-руфт. Ана, он теппањак, ана, сой, ана, пайрањае, ки њамроњи Зарифа, асбобу анљом сари китф, рањсозкунї мерафтанд, ана, марѓзоре, ки тобистонњо бозигоњи бачањои Бўронї ва кўдакони ў – Довулу Эрмак буд… Ана, чанд уштур, њо дар он љо – боз як љуфт, якеаш Ќаранори Едигей аст, ки аз дур шинохтанаш душвор нест, саланг-саланг куљое меравад он бузургљусса; баногоњ, барф сар шуду зарраяконаш дар њаво ба раќс даромаданд; аслан табиї буд ин њол, чунки аз сањар осмонро абрњо гирифтаву маълум буд, ки њаво вайрон мешавад, лекин камакак, як камакак сабр мекард барф; охир, уштурхонањову боми аввалин, ки аз тўтааш дуд мебарояд, аллакай намоёнанд, ана – рањнамо ва пеши он ќатора ба роњи эњтиётї мегузараду чархњояш дар пайвандљоњо ба таќ-таќ медарояд, ана, рањнамобон*[§§], ки байраќча дар даст назди хонањакаш истодааст, Ќазонќоп аст ў, Ќазонќопи чун дарахти хушк ќоќина; Худоё, ана, як назар хоначаи Ќазонќоп ба чашм тофт, ќатора, ќад-ќади дењкада, даршитоб аст; ана, хоначањо, бому тирезањошон, ана, кадоме ба хона даромад, ки Абўтолиб танњо пушташро дида тавонист, ана, нафаре пеши чўбу тахтањо моломол дорад, барои кўдаку чўдак чизе месозад. Едигей, оре, Едигей аст ў, дар танаш нимтанаи остинњояш барзада, дар пешаш – духтарчањояш ва њамроњашон - Эрмак; оре, љигарбанди ман Эрмак, бачаљони ширинам, дуртар аз Едигей истода, аз замин ба ў чизе медињад, Худоё, рўяш як назар тофту халос, лекин куљост Довул, Зарифа куљост? Ана, он зани вазнин њамсари сардори дуроња Саулест ва, ана, Зарифа, рўмолаш ба китфаш фуромада; Зарифаву Довул, Зарифа дасти писараки хурдиашонро гирифтаву њарду љонибе мераванд, ки Едигей њамроњи бачањо чизе месозад; мераванду намедонанд, ки вай, Абўтолиб, ин лањзањо беихтиёр бо даст дањонашро пўшидааст, ки навмеду девонавор фарёд назанад: «Зарифа! Азизам! Довул! Писаракам Довул! Ин манам! Манам, ки шуморо бори охирин мебинам! Алвидоъ! Довул! Эрмак! Алвидоъ! Фаромўшам накунед! Ман бе шумо зиста наметавонам! Бе шумо мемурам ман, бе фарзандони азизу њамсари мењрубонам мемурам! Алвидоъ!»