- Биё, Ќуттибоев, биё, камтар кор кунем, - љиддияти чењраву овозашро риоя намудаву манањи навтарошидаашро, ки атри тезбўе шакида буд, молида, нигоњашро ба Абўтолиб дўхт Тансиќбоев. – Бишин, иљозат медињам, бишин. Шишта гапзанон кунем, њам ба ту ќулай мешаваду њам ба ман.
Посбонон, ки омода буданд баробари нахустнидо пайдо бишаванд, паси дар монданд. Шунќорчашмро куштан имконнопазир буд. Чизе набуд, ки бо он куштааш бишавад. На шишае ба назар мерасиду на истаконе, њарчанд ин ашёро тасодуфан дар њуљрааш мондани шунќорчашм имкон дошт. Бўи араќу хуришњо аз ин дарак медод.
Ќатора њамоно, чун пештара, дашти Саройро бурида мерафту то дуроњаи Бўронї торафт камтар роњ мемонд. Вале Тансиќбоев шитоб надошт, батакрор ким-чї хел навиштањоро мехонду дурудароз коѓазњояшро љамъу парешон мекард. Абўтолибро тобу тоќат намонду саропо бемадору љонбезор шуд дар он чанд лањза – њамин хел гарон буд даъвати навбатии муфаттиш. Оќибат ба Тансиќбоев гуфт:
- Ман интизорам, гражданин сардор.
Тансиќбоев мутањаййирона сар бардошт:
- Интизорї? – њайратзада гуфт ў. – Чиро интизорї?
- Пурсишро. Саволњоро…
- Ана, ин – га-а-п! – кашоласухан гуфт Тансиќбоев, шодмониашро фурў нишонда. –Хайр, бад не ин, бад не, Ќуттибоев, рости гап, бисёр хуб аст, ки айбдоршаванда, чунон ки мегўянд, ба ихтиёри худ, аз карда пушаймон, интизори пурсиш бишаваду ногуфтањояшро бигўяд… Пас, гуфтание дорад, асроре дорад, ки бояд пеши маќомоти тафтишот бикушояд. Њамин хел не? – Тансиќбоев фањмид, ки пурсишро имрўз мањз њамин тавр, тањдидро ба оњанги фиребои хайрхоњона бадал намуда, бурдан лозим аст. – Маълум мешавад, ки, - идома дод ў, - гуноњатро фањмидаї ва, фарз кардем, худат низ, душман њам бошї, ба маќомоти тафтишот дар мубориза бо душманони Њокимияти шўравї ёрї расонданиї. Муњим он ки барои ману ту чизи аввалиндараља, аз падару модар њам азизтар, Њокимияти шўравист, албатта, њар касро ба тарзи худ, - вай, ќонеъона лањзае хомўш монда, баъд илова кард: - Ман аз аввал мегуфтам, ки ту, Ќуттибоев, бааќл одамї. Ва њамеша умед доштам, ки забони њамдигарро меёбем мо. Чаро хомўшї?
- Намедонам, - номафњум љавоб дод Абўтолиб, - намефањмам, ки гуноњам чист, - илова намуд ў, дуздона аз тиреза ба берун нигариста. Ќатора бошиддат равон буду дашти Сарой, зери осмони гирифтаи овезон, чун дар кинои беовоз, бо суръати бењад аќиб мегурехт.