Акнун зањри талхи лањзањои дидорро то охир менўшид Абўтолиб. Фаќат њамин меомад аз дасташ, як њамин дар ихтиёраш буд, ки он лањзаро љузв-љузву зарра-зарра ва аён пеши чашмони хеш эњё намояд: аввал Ќазонќопро пеши назар овард, ки њамоно, байраќчаи бебадалаш дар дастони ќоќина, дар посгоњи доимии хеш истода буд, чи ќадар ќаторањоро ќабулу гусел кардааст ў дар умри хеш дар ин канору он канори дуроња; баъд – кулбањову молхонањои Бўронї ва дуди тўтањои рўи бомњоро ва аз он пас – Эрмакро, миёни бачањо, назди Едигейи Бўронї – он одами Худо, ки дар ин дунё чун кўњ собиту устувор монда буду он лањзањо барои тифлакон чизе месохт, дидану аз фарёду алам ќариб нафасгардон шуданашро. Эрмак ба Едигей тахтача ва ё ким-чизи дигаре медод. Ва Абўтолиб дар он чанд лањза Едигейи тануманду баќуввату сиёњљурдаи ба бачањо мењрубонро, ки дар тан пўстинчаи остинњояш барзадаву дар по мўза дошт, Эрмакаки телпакчаи куњнаву мўзачањои намадї пўшида ва Зарифаву Довулро, ки сўи онњо мерафтанд, бисёр рўшану аён пеши чашми худ дид. Зарифаи бечораву азиз – њам рўмолашро, ки ба китфонаш хамида, мўйњои сиёњи печонашро намоён карда буд, њам чењраи рангканда ва ин ќадар муассири дилљўяш, палтои тугмањояш кушода, мўзањои даѓалеро, ки худ барояш харида буд, сари сўи бачаякашон хамашро низ – ба Довулак ким-чї мегуфт - бењад наздик дид ў ва ин њама чизи бењад ќарину азизу фаромўшинопазир дер гоњ Абўтолибро дар хайрбоди хаёлии баъди дидор њамроњї мекард… Талафоте буд ин, ки бо ягон чиз ва њаргиз љуброн намешуд…
Тамоми роњ барф мебориду бўрон менолид. Дар яке аз истгоњњои пеши Оренбург ќатора як соати дароз истод – барфтўдањои роњро тоза мекарданд. Овозњо ба гўш мерасид – одамон, боду њаво ва њама чизи дунёро нафрин намуда, машѓули кор буданд. Баъд ќатора, дар пардаи гирдбоди бўронї, боз ба роњ даромад. То даруни Оренбург дурудароз рањ паймуданд, шохањои чун њезуми гўристони бесоњиб сиёњу каљукилеби дарахтони сари роњ лолу тира овезон буд. Худи шањр ќариб ки ба чашм намерасид. Дар истгоњи таќсимоти ќаторањо низ то дери шаб истоданд – равонхонаи махсусро аз ќофила људо карданд. Абўтолиб инро аз рўи таконхўрии равонхонањову садоњои ходимони равонхонаи махсус ва фарёди ќаторакашњо фањмид. Баъд равонхонаро боз ба куљое, аз афти кор, ба роњи эњтиётї кашида бурданд.
Оќибат ними шаб равонхонаи махсус дар љои муќарраршуда ќарор гирифт. Охирин бор такон хўрд равонхонаву охирин бор амре аз поин садо дод, ки «Шуд! Нарасед дигар!» ва он дигар аз љо наљунбид.