Ва, барои тасаллии хеш, то ќисматро розиву рањим бисозад, ки орзўњояшро амалї бигардонад, ў, аз рўи нишонањои роњи оњан ва истгоњњое, ки дучор меомаданд, беихтиёр ќаринањои гуногуни њаракати ќатораро њисобукитоб мекард - муњим буд бидонад, ки Дуроњаи Бўрониро кадом ваќт мегузаранд. Вале шубњаву изтироб њангоме њам таркаш накард, ки њисобукитобаш нек баромад; охир, ќатора таъхир карда метавонист, дер монда метавонист – чунин њолатњо дар зимистонњои сербарф кам воќеъ намешуданд.
Бисёр аламнок мебуд, ки ќатора нимистгоњро шабона убур кунад, ваќте бигзарад, ки Зарифаву кўдаконаш, бехабар аз он ки падарашон њамагї дањ ќадам дуртар аз хона равон аст, хоб бошанд. Ин аз эњтимол дур набуд ва, бечорагиву вобастагии комилашро ба њукми тасодуф дарк карда, бештар азият мекашид ў.
Абўтолиб боз аз як фалокат бисёр хавф дошту Худо мегуфт, ки аз он амонаш бидињад – мабодо ки муфаттиши шунќорчашм Тансиќбоев пурсиши навбатиашро мањз њангоми убури дуроњаи Бўронї сар кунад.
Чї ќадар монеаву хатарњо буданд, ки бењад берањмона ба таманнои поки як назар пайвандони хешро дидани як инсон муќобилат мекарданд – њамин буд сазои мањбусї ва танњо як чиз шодиву умедаш мебахшид, ки алњол бахташ хандидаасту тирезаи равонзиндон аз рост, мањз аз тарафи дуроњаи Бўронист.
Њама ин андешаву њарос ва шубњаву гумонњо Абўтолибро чандон ба гирдоби андўњ мекашиданд, ки худашро аз ёд мебурд; саропо ѓарќи интизории шадид шуда, дигар дар бораи худ фикр намекард ў, ба моњияти њодиса сар фурў бурдан намехост; тасаввур намекард љиноятњои мудњише, ки Тансиќбоев ба вай мечаспонаду бораш мекунад, ба сараш чињо меорад; ин муфаттиши мунтазам толиби иќрори ў мутаассибонаву бешармона маќсади азмкардааш – ифшои шабакаи худаш бофтаи љосусњои душманро, ки гўё њанўз аз солњои љанг амал мекардааст, ноил шуданї буд; фош намудан мехост онро, то несту нобудаш бикунаду давлатро аз хатар эмин бидорад.
Тансиќбоев, ки на Рањмонро мешинохту на шайтонро, чун Рањмону чун шайтон њама чизро ба њисоб гирифтаву ќаблан муќаррар карда буд ва акнун танњо амал мебоист. Бино бар ин њам, равон буд ў, бино бар ин њам, дар равонмањбас Абўтолиб Ќуттибоевро рўбарўкунї мебурд, то ин корро саранљом бисозад.