Тансиќбоев таъхир намекард, суръату суботи корро дўст медошт ў. Аз назараш пинњон намонд, ки берун шудан аз мањбас ба бандї чї таъсире расонд; медид, ки бандиаш аз паси панљара бо чї дарду њасрат ба дењкадањои пушти тирезаи равонхона гузарон менигарад. Тансиќбоев туѓёни ботини Ќуттибоевро мефањмиду мекўшид бо оњанги ба њадди имкон боварибахш талќинаш кунад, ки ўи муфаттиш ба вай заррае бадї намехоњад, зеро тахмин мекунад, ки гуноњаш начандон калон аст, резидент – рањбари шабакаи љосусие, ки хадамоти махсус барои фурсати мувофиќтар нигоњ доштаанд, низ, албатта ў, Абўтолиб Ќуттибоев, нест ва, агар вай ба тафтишот дар ошкор кардани резидент ёрї расонад ва, муњимаш, инро њангоми рўбарўкунї ошкору ќатъї исбот кунад, гуноњаш хеле сабук мешавад. Хеле. Мебинї, ки панљ-њафт сол пас ба хона, пеши фарзандонаш баргаштааст. Ба њар њол, агар ба кори тафтишот кўмак кунад, аз љазои олї – паррондан халос мешавад, вагарна, њар ќадар зиёдтар пофишорї намояду корро вайрон кунад ва њаќиќатро аз идорањои муљозот пинњон дорад, ањволи худашро батар мекунаду ба ањли оилааш бадбахтии бештар меорад. Он гоњ, аљаб нест, суди махфї ба паррондан њам њукмаш кунад…
Боз як бурди Тансиќбоев дар он буд, ки бандиро талќин менамуд: агар њамкорї кунад, ривоятњои китобаткардааш, билхоса, “Ќиссаи манкурт” ва “Ќатл дар Сарой” ба парвандаи љиної њамроњ карда намешаванд ва баръакс, агар ин корро накунад, Тансиќбоев матнњоро чун тарѓиби пардапўши миллатгарої пешкаши суд месозад. “Ќиссаи манкурт” даъвати зарарноки эњёи забони нодаркору фаромўшшудаи гузаштагон ва муќобилат ба омезиши миллатњост, “Ќатл дар Сарой” бошад, мањкум кардани њокимияти пурзўри олї, шикастани ѓояи бартарияти манфиатњои давлат аз манфиати шахсї, таваљљўњ ба худпарастии пўсидаи буржуазї, номаъќул донистани коллективикунонї, яъне, мутеи маќсади ягона будани њамагон аст ва аз ин њама то маънидоди манфии сосиализм чандон дур нест. Ва, чунон ки маълум аст, њар як вайрон кардани принсипу манфиатњои сосиалистї сахт љазо дода мешавад… Бењуда дањ сол намедињанд ба ашхосе, ки бе иљозат аз сањрои љамъият хўшае чидаанд. Чї љои касе, ки “хўша”-њои идеологї мечинад! Мавод, ки ин хел пешкаш бишавад, суд метавонад, бино бар моддањои иловагї, њукмњои изофа барорад. Барои эътимоди бештар Тансиќбоев якчанд бор хулосањои возењашро оид ба ќиссањои Сарой ќироат кард, оид ба ќиссањое, ки њамчуноне ў гаштаву баргашта таъкид менамуд, нахустсабаби зиндонї шудани Ќуттибоев ва оѓози парвандаи љиної гардиданашон тасодуфї набуд…