Абўтолиб бошад, аз Худованд фаќат як талаб дошт – мехост чизе халал нарасонадаш, ки аз тирезаи равонхона аќаллан як лањза бачаяконаш Эрмаку Довулро бубинад, Зарифаро бубинад, бори охирин бубинад, барои умрбод бубинад. Зиёдтар аз ин дар зиндагї чизе намехост ў, бо њасрат дарк мекард, ки аз азал дар пешониаш њамин хел навишта будаанд; њамон дам вопасин лањзаи бахташ хоњад буд, дигар ў њаргиз ба хонадонаш барнахоњад гашт, зеро айбе, ки Тансиќбоев - Тансиќбоеве, ки пешорўяш ў билкул бењимояту бењуќуќ аст ва, табиист, пешорўи њокимияти абарќудрат низ њамин гуна њимояту њуќуќе надорад, - ба гарданаш бор кардааст, љуз марг, марги фаврї ва ё батадриљи дар лагерњо, боре намеорад. Абўтолиб ба хулосаи ногузир расид, ки ќурбонии комили дасти Тансиќбоев аст ў. Дар навбати худ, Тансиќбоев як мурватчаи сохти бемаънии муљозотии мунтазам ќудратафзое беш набуд. Ва ин сохт зидди душманоне, ки њаракати љањонии сосиализмро боз-доштан мехостанду тантанаи коммунизмро дар рўи замин монеъ шуданї буданд, беамон мубориза мебурд.
Њамин ки ин ифодаи пурсењру љоду боре ба касе чун айбнома пешнињод шуд, дигар роњи халосї набуд. Натиља танњо ва танњо љазое – паррондан, биступанљ, понздањ ва ё дањ сол мањбусї – буда метавонисту бас. Натиљаи дигар пешбинї нашуда буд. Касе њам дар чунин мавридњо натиљаи дигарро интизор намешуд. Њам љафокаш ва њам љафокор яксон мефањмиданд, ки ин тасвияти љодугарона, баъди эътибор пайдо кардан, љазодињандаро натанњо пуштибонї мекунад, балки, беш аз ин – ўњдадор месозад, ки барои решакан намудани душманон аз тамоми воситањо истифода бубарад ва љафокашро, ки пеши деви дигарандешихор чун ќурбонии навбатиаш афкандаанд, вазифа-дор мекард саранљоми худро чун зарурати томе бипазирад.
Њамин хел њам шуд. Ќатора дар дашти Сарой мерафту мерафт ва Тансиќбоеву муљримаш дар як равонхона мусофират доштанд, то бо њам ва дар айни замон њар яке ба тарзи худ кори ба манфиати зањматкашон муфид – ифшои навбатии душманони пинњоншудаи мафкуравиро ба иљро бирасонанд, вагарна сосиализм имконнопазир мегардаду дар шуури оммањо нопадид мешавад. Бино бар ин, бетанаффус бо ким-кињо мубориза кардану ким-кињоро фош намудану ким-кињоро аз байн бурдан талаб карда мешуд…