Паи дарёфти маќсади хеш устувор касе будааст Тансиќбоев – пурсупосњо рањбарањ њам давом доштанд. Вазифаи Тансиќбоев аз он иборат буд, ки батадриљ шабакаи вайронкори аз ашхоси дар њолатњои шубњанок аз асорати немисњо гурехтаву дар Югославия натанњо бо ревизионистњои ояндаи он кишвар, балки бо разведкаи Англия алоќабарќарор-карда сохтаи хадамоти махсуси душманонро ошкор намояд. Тавассути пурсишњои бардавом, муќоисаи баёноти шоњидон, далелњои мустаќиму ѓайримустаќим ва, муњимаш, тавассути тантанаи шоњи тафтишот – гуноњи худро комилан эътироф кардани айбдоршаван-дагон ва пушаймониашон аз амали хеш фош намудани душманони зархариду то кунун пинњон-шудаи Њокимияти шўравї зарур буд.
Асоси ин корро аллакай гузоштааст ў – дар рафти пурсиш Абўтолиб Ќуттибоев номи ќариб дањ нафар асирони собиќи њарбиро, ки дар Югославия љангида буданд, ба ёд овард; тафтиш нишон дод, ки аксари онњо зиндаву саломат дар гўшањои мухталифи мамлакат умр ба сар мебаранд. Онњо њама аллакай њабс шуда буданд ва, дар навбати худ, њангоми пурсиш боз номњои бисёреро ба забон оварда, рўйхати хоинони югославиро пурра карданд. Хуллас, кор љон мегирифту бо розигии сардорони боло, ки низ ифшои унсурњои душманро њамеша муфид медонистанд, ба марњалаи батамом љиддии хеш ворид мешуд. Зимни зиддияти њардамафзои байналмилалї бо њизби коммунисти Югославия ва Титоро радди маъракаи идеологї хондани худи Сталин барор кардани он бењад муфид мебуд ва натанњо ба оѓозгараш - Тансиќбоев, балки ба бисёр њампешёањояш низ, дар дигар шањрњо, ки бо њамон сабаби истифода аз фурсати мувофиќ “боло” рафтан мехостанд, “њосили фаровон” ваъда мекард. Сарчашмаи мувофиќати амал њамин буд. Ба њар њол, дар Чкаловск (Оренбурги собиќ), Куйбышев, Саратов барин марказњои вилоятњо, ки Абўтолиб Ќуттибоевро барои рўбарўкунї ва пурсишњои муштарак мебурданд, Тансиќбоевро бесаброна интизорї мекашиданд.