Чораи ягонаву аз эњтимол дуре, ки Алтун умед мебаст, дарёфтани одамон буд дар ин биёбони беодам ва, агар дар миёнашон ширдењ модаре бошад, кўдакро пеши ў бурдану худро ихтиёрї ба канизии онњо супурдан…
Таваккалан гоњ сўи офтоббаро рафтаву гоњ сўи офтобшин, зору њайрон мегашт занак дар он дашт… Кўдак сари даст бетанаффус мерафту мерафт. Ќариби пешин буд, ки тифлак, торафт беќарор шуда, ба њиќ-њиќ даромад ва, гиря карда, сина хост… Занак, парпечакњояшро ба тартиб овардаю рањорањ “љонам-шерам”-аш карда, рафтан гирифт. Вале, дере нагузашта, кўдак сахттар ба гиря даромад ва, дигар ором нашуда, то кабуд гаштан гирист; он гоњ Алтун, аз роњ бозистода, фарёд зад:
- Ёрї кунед! Ёрї кунед, охир, чї кор кунам ман?!
Дар тамоми он дашти бекарон на дуде ба назар мерасиду на шўълае. Дар он пањнои беодам чизе њам набуд, ки нигоњ бар он бархўрад… Дашт бекарон буду осмон бекарон ва танњо абраки сафеде оромона болои сар гирд мегашт…
Кўдак, печутоб хўрда, гиря мекард. Алтун ба зораву нола даромад:
- Чї мехоњї, охир, аз ман, э тифлаки сарсахт!? Нав чоррўза шудаї, охир! Бадбахт ба ин дунё омадї, бадбахт… Чї хел серат кунам, охир, чї хел? Намебинї, ки дар атроф љонзоде нест! Дар њама дунё танњоем мои бадбахт, танњо абраки сафеде дар осмон метобаду бас, мурѓаке њам намепарад, як абраки сафед тоб мехўраду тоб… Куљо биравем ману ту? Чї хел туро сер кунам ман? Ману туро тарк карданд њама, партофта рафтанд, падару модаратро овехтанду гўронданд. Охир, чаро љанг мехоњанд одамон, чаро бо байраќу наќорањо зидди њам мераванд, туи навзодро бадбахт карда, чї мехоњанд онон?!
Ва боз, кўдаки гирён дар сари сина, дар дашт ба давутоз даромад ў; медавиду меандешид, ки бояд наистад, ќарор нагирад, ки аз доѓу дард зиндабазинда пора-пора мешавад… Лекин навзод инро намефањмид, аз гиря гулўгир шуда, њаќи худро талаб мекард, шири гарми модар мехост. Алтун навмедона сари санге нишаст, гирёну хашмї гиребони куртаашро дарид ва синањаки пажмурдаи дањони кўдак надидаашро ба лабони ў монд:
- Мањ, бигир, мањ! Бовар кун! Шир дошта бошам, наход надињамат, охир, ятимаки бадбахт! Мањ, бубин, шояд боварат биёяду дигар љонбезорам накунї! Чї мегўям ман! Ба кї мегўям! Пистони хушкидаву гапњои бефоидаи ман ба ту чї даркор! Чї љазо буд, ки додиам, эй Осмон!
Кўдак, пистонро гирифтан замон, ором шуд. Бо тамоми вуљуд ба он неъмати дилхоњ часпида, бо забону дандонљояш мемакид ва чашмакони аз хурсандї дурахшонашро гоњ мекушоду гоњ мепўшид.