Юзбошї ноўњдабароёна тифлакро рўи даст гирифт. Ќуввату вазни дастонаш он лањза дигар нобарљову нодаркор буд ва ў, њайрон, ки чї кор кунаду кафњояшро барои нигоњ доштани он мављуди маъсум чї гуна созгор созад, боэњтиёт тифлакро ба дилаш зер кард, – аниќтараш, наздики наздик намуд ва, барои он њиси нозуки то кунун барояш ноошно ифодаи мувофиќ љуставу аз дарки онлањзаинааш хушбахтона лабханд зада, мутаассирона гуфт:
- Медонї, Догуланг, ин бачаи заргўш не, дили ман аст рўи дастам…
Навзодро зуд хоб бурд. Ваќти ба љои худ баргаштани юзбошї њам шуда буд.
Як поси шаб, аз юртаи мањбубааш баромада, Эрдене-юзбошї ба мањтоб, ки дар фарози дашти Сарой торафт мунаввартар мешуд, нигарист ва якбора эњсоси комили танњої фарояш гирифт. Рафтанаш намеомад, дилаш боз назди Догуланг, пеши писаракаш баргаштан мехост. Садоњои асроромезу пуртанини шаби бардавоми дашт диќќаташро љалб мекард. Аз он ки равонаи юриши Ѓарб онњо бо амри ќисмат шарики корномањои њоќони кабиранд ва, хидмати ўро ба љо оварда, дар айни замон зери хатар ќарор доранд, - њар лањзае љазои ногузири вай барои тавлиди тифл нобудашон карда метавонад, - Эрденеро ким-чизи ноаёну мудњише дармеёфт. Яъне, пайванди онон бо Њокими Чањор Сўи Олам ѓайритабиї, аз њамин лањза ин љониб бо њаёти шахсии худашон оштинопазиру носозгор аст ва, баробари ин, хулоса ягона хоњад буд – бояд фирор бикунанд, озодї дарёбанд, њаёти тифлашон-ро наљот бидињанд…
Базудї Эрдене дуртар аз юрта Алтун-канизакро, ки тамоми ин муддат аспи ўро нигоњубин мекарду аз тўрбаи сафарї љаваш медод, пайдо намуд.
- Хайр, чї хел, бачањакатро дидї? – зуд ба гап сар кард вай.
- Рањмат, Алтун, дидам.
- Номаш мондї?
- Мондам – Ќунан!
- Номи наѓз – Ќунан.
- Ња, бигзор Осмон бишнавад… Акнун, Алтун, гўш кун, ин гапро дигар ќафо партофтан мумкин нест. Ту ба љои хоњарам њастї, Алтун. Барои Догулангу кўдакаш – модаре њастї, ки таќдир фиристодааст. Ту намешудї, ману ў дар ин сафар бо њам буда наметавонистему дарди фироќ мекашидем. Кї медонад, шояд дигар њаргиз њамдигарро намедидем. «Кулўхандозро подош санг аст» мегўянд, мо имрўз кулўхандозем… Ман миннатдорам аз ту, бењад миннатдорам, Алтун…