- Баъди як рўз мебинї он дарёро. Бадиќќат гўш кун, Догуланг: шаби дигар бояд ту омода бошї. Њамин ки ман бо аспи эњтиётї пайдо шудам, соати чанде ки бошад, бояд гањвораро гирифта, барої. Таъхир кардан мумкин нест. Дилам мехоњад њамин рўз бубарамат, ба куљое, ки рост биёяд, бубарамат. Лекин атроф – дашти кушод, чор сў – чун дар кафи даст, љое нест, ки сар бизаниву пинњон бишавї. Шабњо њам мањтобї шудаанд. Бо ароба дар ин дашти кушод аз таъќиби саворон дур гурехта наметавонї. Лекин онтарафтар, дар наздикињои Жаиќ, буттазорњо сар мешаванду кор ранги дигар мегирад…
Онњо боз дергоњ машѓули гуфтугў буданд. Гоњ хомўш мешуданду гоњ аз нав ба муњокима мепардохтанд, ки дар остонаи ќисмати ноаёни оянда, ки акнун - бо он тифлаки навзод - се нафаррост, чияшон интизор аст. Майдаяк низ дер мунтазирашон накард – баъди чанд лањза дар гањвора ба љунбидан даромад ва, бабача барин минг-минг карда, гиря оѓоз намуд. Догуланг рўи даст гирифташ ва, аз бетаљрибагї худро гум карда, ба пистонњои хеш љафсаш намуд, пистонњое, ки ин ќадар ба юзбошї шинос буданд, пистонњое, ки дар љўши эњсос бешумор бўсида будашон, пистонњои суфтаву сафеде, ки ў ба пушти лундаяки мурѓобї ташбењашон медод. Акнун пистонњои љонбахши модар буданд онон. Чашмони юзбошї аз њайрату шавќ дурахшиданд ва ў, чизеро аз дил гузаронда, хомўшона сар љунбонд, - чї ќадар ѓам хўрд ў рўзњои охир ва, инак, он чизе, ки дар мўњлати муайянкардаи табиат бояд ба амал меомад, ба вуќўъ пайваст: акнун вай падар асту Догуланг – модар, онњо писар доранду модар тифлакашро сина медињад… Аз ќадим њамин хел аст ин дунё. Алаф аз алаф мерўяду фармонбари табиат аст, њайвон аз њайвон ба дунё меояду фармонбари табиат аст, танњо инсон аст, ки якравона попархам меистаду садди роњи табиат мешавад…
Тифлак чалап-чалап пистон мемакиду аз файзи пистон-мурѓобї бањра мебурд.
- Вой, ќуљ-ќуљакам* меояд, - хушнудона хандид Догуланг. - Ин хел балояк аст-е, часпидаасту дигар људош карда намешавад-е, - мегуфт ў, гўё барои хандаи хушбахтонаи худ маъзарат хоста. – Аз ростї, ки Ќунанмон ба ту бисёр монанд аст. Аждарбача – зодаи аждари калон! Ана, чашмаконашро кушод! Бубин, Эрдене, бубин, чашмони туро канда гирифта-аст, биниву лабњоятро њам…
- Монанд аст, бисёр монанд, - бо майли тамом розї шуд юзбошї. - Касеро ба хотирам меорад ин майдача!
- Чї хел – касеро? – њайрон шуд Догуланг.
- Худамро, албатта, худи худамро!
- Мањ, рўи дастонат бигир лундачаро. Сабуке њаст, ки мегўї бачаи заргўш бошад.