Дар чунин лањзаи талх Абўтолиб хомўшона мегиристу пеши худ шармида, намедонист сиришкашро, ки дар як дам рухсорањояшро тар мекард, чї хел боздорад. Охир, њатто дар љанг чунин азоб накашида буд ў, чунки он ваќт як сари ќоќи худаш буду халос ва акнун торафт бештару бештар бовар њосил мекард, ки бузургтарин маънии зиндагї дар зуњуроти аз назари аввал муќаррарї - фарзандон нињон аст ва, дар њар њолати мушаххас њар касе бахти худро дорост – бахти фарзанддорї ва низ њар касе фољиаи худро дорад – фољиаи мабодо бе онњо мондан… Акнун ў ба он чиз њам бовар мекард, ки зиндагї, ќабл аз бохтани он, њангоме ки дар охирин соат, зери нури вопасину дилгири ќабл аз рафтани ногузир ба зулмот, љамъбасти натоиљ фаро мерасад, чї ќимате дорад. Фарзандонанд натиљаи асосии зиндагї. Шояд табиат махсус чунин аст, ки волидон њаёташонро сарфи парвариши идомаи хеш мекунанд. Ва волидро аз мавлудаш рабудан маънои аз имкони иљрои моњияти азалиаш мањрум кардани ў, зиндагиашро бењудаву бебор намудан аст. Душвор буд дар чунин лањзањои бедории фикр навмед нашудан; Абўтолиб, мутаассирона сањнаи дидорро ќариб пеши назар тасаввур карда, њамзамон имконнопазирии вуќўи умедашро дарк менамуду ќурбонии беилољї мешуд. Њузну њасрат рўз ба рўз амиќтар дилашро фаро мегирифту иродаашро сусттару сусттар мекард. Навмедиаш, чун барфе, ки дар печухамњои кўњ љамъ мешавад–љамъ мешаваду дар намуди тарма баногањ фурў меѓалтад, торафт меафзуд…
Мањз њамин даркор буд ба муфаттиши вазорати бехатарии давлат Тансиќбоев; мањз њаминро ноил шудан мехост ў, парвандаи бо розигии сардорони воломаќоми хеш маккорона бофтаашро оид ба алоќаи асири собиќи њарбї Абўтолиб Ќуттибоев бо хадомоти махсуси англису югославї ва амалиёти вайронкории ѓоявї миёни мардуми тањљои ноњияњои дурдасти Ќазоќистон ѓозу пардоз дода. Њамин хел буд маънидоди умумї. Кори тафтишот оид ба аниќу мушаххас намудани баъзе нуктањо идома дошт, куллан эътироф кардани Абўтолиб Ќуттибоев љинояти хешро дар пеш буд, вале, аз њама муњимаш, аллакай дар худи маънидоди љинояти фавќулъода муњимми сиёсї, ки аз њушёриву кордонии мустаснои Тансиќбоев шањодат медод, баён шуда буд. Ва агар барои Тансиќбоев ин парванда барори бемисли зиндагї бошад, Абўтолиб Ќуттибоевро домеву њалќаи мањкумие буд, зеро натиљаи чунин маънидоди мудњиш фаќат пурра ба гардан гирифтани љиноят ва кашидани љазои он мешуду бас. Натиљаи дигаре имкон надошт. Дар чунин мавридњо худи гуноњборкунї далели бебањси љиноят буд.
Бино бар ин, Тансиќбоев метавонист ѓами анљоми хуби корашро нахўрад. Он зимистон оќибат бахти ў хандид. Барои љурмаке дар хидмат чандин сол буд, ки аз рутбаи майор боло намерафт. Акнун – роњ кушода. Дар ин мавзеи дурдаст ба парвандаи Абўтолиб Ќуттибоев монанд чизеро начандон базудї дарёфтан мумкин буд. Худо бидињад, намегўяд бачаи киї…
Оре, метавон гуфт, ки дар он рўзњои бањманмоњи соли 1953 таърих ба Тансиќбоев лутф кард; гўё таърихи кишвар барои њамин њам вуљуд дошт, ки мутеона ба манфиати ў хидмат бикунад. Ў, бештар бо фаросат, ин лутфи таърихро, ки ањамияти аввалиндараљаи хидматашро рўз ба рўз меафзуд ва бо њамин эътиборашро назди худаш торафт баландтар мекард, эњсос менамуду ќабат-ќабат гўшт мегирифт ва болидарўњ мешуд. Баъзан, ба оина назар карда, ба њайрат меомад – чашмони шунќории тезнигоњаш дер боз чунин љавонона намедурахшиданд. Ва ў, китфонашро рост кардаву сари сина дамонда, ќаноатмандона зери лаб ба забони тозаи русї замзама менамуд: «Мы рождены, чтоб сказку сделать былью…» Занаш, ки шарики умедњои ў буд, низ рўњбаландона мегуфт: «Боке не, ба ќарибї мо њам њаќамонро мегирем». Њатто писараш, ки дар синфњои боло мехонду комсомоли фаъол буд, њарчанд ки гоњу ногоњ гапношунавї мекард, чун сухан аз орзўи деринааш мерафт, муассир мепурсид: «Дада, кай бо подполковникї табрик мекунем?» Ин њама сабабњои мушаххасе дошт, ки бевосита ба Танќисбоев вобаста набуд, вале, бо вуљуди ин…
Гап дар ин ки ба наздикї, ягон ним сол пештар, дар Алмаато мањкамаи пўшида доир шуд: трибунали њарбї гурўњи миллатгароёни буржуазии ќазоќро суд кард. Он душманони ањли зањмат берањмона ва абадї решакан карда шуданд. Ду нафар, барои ба ќазоќї навиштани осори илмиашон, ки гузаштаи манфури патриархалї-феодалиро бар зарари воќеияти нав арљ медод, мањкуми љазои олї – паррондан, ду ходими илмии пажўњишгоњи забону адабиёти Фарњангистони улум биступанљсолї бадарѓа шуданд… Дигарон дањсолї гирифтанд… Вале моњияти кор он буд, ки вобастаи суд аз марказ барои ходимони махсуси дар ифшову берањмона решакан кардани миллатгароёни буржуазї мустаќиман иштирокдошта мукофотњои давлатї ќатор шуд. Рост, ки мукофотњо низ махфї буданд, вале ин эътиборашонро заррае кам намекард. Пеш аз мўњлат додани унвонњои навбатї, ордену медалњо, мукофотњои калони пулї барои иљрои намунавии супоришот, ташаккурнома ва дигар нишонањои диќќату эътибор зиндагиро беш аз будаш зеб доданд. Ба пешсафони маърака додани хонањои нав низ айни муддао буд. Ин њама дасту дилро баќувват, овозро баландтар, таќ-таќи пошнаро дилпуронатар мекард.