Боре ў дигар тоќат накард. Гўё дар вуљудаш барќи сўзон шўълавар шуд. Худаш бехабар монд, ки ба нозири љаббор дарафтодааст. Њарду, гарми афтударафт, хеле рўи фарш ѓел заданд. «Дар љанг дучорам мешудї-ку, саги девона барин мепаррондамат!» - бо овози гирифта мегуфт Абўтолиб, гиребони гимнастёркаи нозирро ќарсас даррондаву гулўяшро бо ангуштони карахти хеш фишурда. Агар ду нозир аз долон расида намеомаданд, маълум набуд, ки он гирудор бо чї меанљомид.
- Хоб кун, хоб кун, акнун аниќ аз сафари он дунё баргаштї, - оњиста гуфт ў, пахтаи тарбандиро ба пешонии маљрўњаш монда, - Минбаъд ин хел ањмаќи ањмаќ нашав. Њаќ доштанд барои њуљум ба посбон дар љоят бипарронанд, саг барин мемурдиву касе њам суроѓат намекард. Шукри Тансиќбоев кун, ки ба ў љасадат не, худат даркорї. Фањмидї?
Абўтолиб бехудона хомўш буд. Ба ў дигар фарќе надошт, ки чї рух медињаду ќисматаш чї хел сурат мегирад. Эњсоси дард дер гоњ вуљудашро тарк карда буд.
Њамон рўзњо, ки гоњ-гоњ аќлаш тира мешуд, беэњсосиву ниммадњушї наљоташ дод. Дар чунин лањзањо Абўтолиб мекўшид аз нури дидасўз нагурезаду пинњон нашавад, балки ба истиќболи анвори берањму љаббор, ки аќлашро мерабуд, майл мекард ва чунин менамудаш, ки ба сарчашмаи дарду азобњо расидаву аз худ гузашта, дар осмон пар мезанад, то ќудрати бефосилаи рўшноии дидасўзро бартараф бисозаду ба адам бипайвандад.
Вале дар чунин лањзањо њам дар њушу ёди афгораш риштаяки восили њасрату хавотирии дилфишору ќарини хонадону фарзандон ўро бо рўзгоре, ки даргузашта буд, мепайваст.
Банди њасрати тоќатнопазири онњо, ки дар Сарой монда буданд, Абўтолиб мекўшид худро худ мањкум бикунад, гуноњи хешро дарёбад, љањд мекард љавоб бидињад, ки барои чї ў бояд мўљиби љазо бошад. Ва посух намеёфт. Ба љуз асорат, асорати немисњо, ки дар ќатори њазорон муњосирашудагони дигар вай низ мањкумаш гардида буд. Вале барои ин чї ќадар метавон љазо дод? Љанг кайњо хотима ёфта, љурмњо низ – бо нархи хуну машаќќати лагерњо - љуброн шудаанд, њамаи онњоеро, ки дар он љанг буданд, кайњо як по ба лаби гўр расидааст, вале њокими мутлаќ њамоно ќасд мегираду њељ таскин намеёбад. Вагарна, ин њама чї маънї дорад? Дар љавоби хеш дармонда, Абўтолиб дар дил орзўе мепарварид, ки имрўз-пагоњ сањви бо ў рафта маълум мешавад, он гоњ ў, Абўтолиб Ќуттибоев, омода аст њама ранљу озорро бубахшад, зудтар озодаш кунанду ба хона фиристанд, шуд; ва ў њамоно он љониб, назди фарзандону оилаи хеш, ба Сарой, ба нимистгоњи Бўронї, ки бачањояш Эрмаку Довул ва занаш Зарифа чашм ба роњанд, мешитобад; балки не, бол бароварда, парвоз мекунад; љониби Зарифа пар мекушояд, ки дар он дашти ќањратун фарзандонро, чун мурѓ чўљаяконашро, зери бол гирифтаву бо ашки сўзон ва таваллои бепоён мекўшад ќисматро мутаассиру муътаќиду нармдил бисозад, рўзу шаб рўи рањми худоро мехоњад, ки шавњараш рањо биёбад…
Барои он ки баногањ фарёд назанаду девона нашавад, Абўтолиб, ба умеди дарёфти осоиши фиребо, боз ѓарќи орзў гардид - рўшан тасаввур кард, ки чї хел ў, бино бар бегуноњї, сафед шуда, ногањон хонааш меравад; чї хел аз помонаки ќатораи боркаш, ки то он диёрњояш бурдааст, парида, сўи хонааш мешитобаду зану бачањош ба истиќболаш метозанд… Вале лањзањои хаёл мегузаштанду ў, чун аз сархушї, боз ба дунёи воќеъ баргашта, аз нав банди навмедї мешуд ва њамоно аз дилаш мегузашт, ки «Ќатл дар Сарой», он ќиссае, ки ў рўи коѓаз оварда буд, он андўњу азоби модару падари мањкуми ќатл ва видояшон бо навзоди хеш ким-чии љовидонаеро дорост, ки акнун ба ў њам дахл дорад. Ў њам куштаи њаљру људоист… Охир, љуз марг дигар њељ чизу њељ кас њаќ надорад волидонро аз фарзандон људо бикунад…