- Ња, лекин каме дигархелтар. Ман худамро бо Буддо баробар карда наметавонам.
- Баробар њам накун! Ту Буддо не, аждари манї, аждараки ман, - мењрубонона пичиррос зад Догуланг. – Ман умрест, ки дар байраќњо тасвири аждар медўзам ва касе намедонад, ки он њама туї. Дар њама байраќњои ман акси туст. Баъзан хобаш мебинаму дар хоб зардўзиаш мекунам, он гоњ аждар зинда мешавад ва ман, илтимос наханд, - дар хобам оѓўшаш мегирам, мо ба њам меоему парвоз мекунем, аждар, бол кушода мепараду маро њам мебарад ва дар лањзаи ширинтарин дармеёбам, ки туї он. Дар хобам ту гоњ аждариву гоњ одам. Ва, бедор шуда, намедонам ба кадомаш бовар кунам. Ман пештар њам мегуфтамат, ки аждари оташнињодам туї. Бешўхї мегуфтам. Њаќиќатан њамин хел буд. Дар сурати аждар ман туро, таљассуми туро зардўзї мекунам. Пас, маълум мешавад, ки аз аждар таваллуд кардаам.
- Чизе, ки дилат бихоњад, бигзор њамон бошад. Вале гапи маро гўш кун, Догуланг. – Юзбошї хомўш монд ва лањзае пас гуфт: - Акнун, ки фарзанддор шудем, ояндаамонро фикр кардан даркор. Њоло дар ин бора сўњбат мекунем. Лекин ќаблан, бидонї њам, ба ту гуфтан мехоњам, ки њамеша дар орзуи дидорат будаму њастам. Мудњиштарин чизе, ки метарсам, ногоњ дар набард мурдан не, балки гум кардани ин ормон аст. Дар куљое, ки бошам, пайваста меандешам: чї хел ормони хешро аз худ људо кунам, то њамроњи ман намираду бо ту зинда бимонад. Илоље намеёфтаму орзу мекардам, ки ормонам парандае ё дарандае, умуман, мављуди зиндае бишавад, то ба дасти туаш дода, гуфта битавонам, ки бигир, ин ормони ман аст, бигзор дигар њамеша бо ту бошад. Он гоњ аз њалокат боке нест. Акнун дарёфтам, ки писарам њосили он ормони ёду дидори туст. Ва аз ин пас њамеша бо ту хоњад буд.
- Мо-ку њоло номаш њам накардаем. Ту ягон ном ёфтї? – пурсид зан.
- Ёфтам,- љавоб дод юзбошї, - агар ту розї бошї, Ќунан номаш мекунем!
- Ќунан!
- Оре.
- Номи наѓз. Ќунан! Саманди љавон.
- Бале, аспи сесоле, ки дар айни мадору ќувват аст. Ёлаш бўронро мемонаду сумаш – сурбро.
Догуланг рўи навзод хам шуд:
- Гўш кун, писарам, падарат номатро мегўяд!
Ва Эрдене-юзбошї гуфт:
- Номат – Ќунан, писари љонам, шунидї – Ќунан.
Онон, гирифтори моњияти он лањзаи умри хеш, чанде хомўш монданд. Шаби сокит буд. Танњо дар бошишгоњи њамсоя саге худ ба худ мељакид ва аз дур шињаи аспе ба гўш мерасид – шояд дар ин нимашаб ватани кўњсор, рўдњои тезоб, марѓзорњои сабзу хуррам ва анвори офтоб, ки пушти аспонро гарм мекард, ба ёдаш меомад…