- Ташвиш нашав, Эрдене, чї ќадар ки лозим бошад, нигоњубинаш мекунам, - гуфт Алтун. – Бирав акнун, бирав, ки Догуланг бисёр интизорат аст.
Юзбошї, лањзае истода, шиддати эњсосашро фурў нишонду баъд назди юрта рафт, пардаи мањкаму вазнини намадиашро нимво кард ва, хам шуда, дарун даромад. Дар мобайни юрта гулхани калоне месўхт ва ў, дар партави хираву заифи он, Догулангашро дид, ки пўстини савсор ба китф, дар кунљи боло нишаста буду бо дасти рост оњиста-оњиста гањвораи бо кўрпаи лаганда пўшидаро мељунбонд.
- Эрдене! Ман ин љоям, - оњиста юзбоширо садо кард ў. – Мо ин љоем, - шармин табассум намуда, худро ислоњ кард пас.
Юзбошї, саросема силоњи хеш – тирдону камону шамшери дарѓилофашро кушода, назди даромадгоњ монду дастонашро ёзонда, назди зан рафт Пеши ў ба зону зад ва рўйњояшон ба њам расид. Онњо, сарњошонро ба китфони њам монда, якдигарро ба оѓўш гирифтанд ва чанде ба њамон њолат монданд. Ва дигар дунёи онњо фазои зери гунбази њамон юрта буду бас. Њама чизи берун аз он истиќоматгоњи сафарї дигар вуљуд надошт. Фаќат он ду нафар, фаќат он чизе, ки ишонро њини ѓалаёни эњсос мепайваст ва мављуди хурдакаки гањвора, ки се рўз пеш ба дунё омада буд, вуљуд доштанду халос.
Аввал Эрдене лаб ба сухан кушод:
- Чї хелї, љонам? Ањволат чї хел? – пурсид ў, нафаси номураттабашро базўр боздошта. – Ман бисёр хавотир шудам.
- Њамааш гузашт, - табассум намуда, љавоб дод зан. – Дар ин бора фикр накун. Бењтараш, дар бораи вай бипурс, дар бораи писарчаамон. Њамин хел баќувватаке њаст, ки… Чунон сахт мемакад синањоямро… Ба ту бисёр монанд аст. Алтун њам мегўяд, ки бисёр монанд аст!
- Нишонам бидењ, Догуланг, бимон бубинамаш!
Догуланг худро канор гирифт ва, пеш аз он ки гањворапўшакро бардорад, беихтиёр хавотиромез ба садоњои берун гўш дод. Атроф сокит буд.
Юзбошї, дар чењраяки њанўз беифодаи тифли хобида нишонањои ба худ монандро љуста, дурудароз ба ў нигарист. Нафасашро ба дарун гирифта, ба навзод менигаристу шояд бори аввал моњияти яздонии ба дунё омадани авлодро њамчун асоси абадият дарк менамуд. Аз афти кор, барои њамин њам, њар як калимаро ќаблан санљида, сипас гуфт:
- Баъд аз ин ман њамеша бо ту хоњам буд, Догуланг, њамеша, њар балое ба сарам биёяд њам. Чунки писари ман бо туст.
- Бо ман хоњї буд? Кош! – Лабханди талхе кард зан. – Гуфтаниї, ки тифлак нусхаи дуюми туст, њамчунон ки Буддоро буд? Њангоми ўро сина додан ин фикр ба сарам омад. Ўро, ки се рўз пеш дар ин дунё набуд, рўи даст гирифтаму аз дилам гузашт, ки ту аз ман таваллуд шудї. Ту њам њозир дар њамин бора фикр кардї?