Боре, њангоми шаббош, саворапосбонон мавќеи ќўшуни тумани ќаноти ростро аз назар гузаронданд. Берун аз бошишгоњи сарбозон истгоњи корвону галабонону дигар ањли хидмати юриш љойгир буд. Посбонон аз он њам сарфи назар нанамуданд. Низоми комил њукм меронд. Одамон, ки аз ин сафари беохир хаста шуда буданд, дар њама љо – дар юртањо, хаймањо, аксаран зери осмони кушод, назди гулханњои нимсўз, пањлўи њам мехобиданд. Атроф сокиту кулли юртањо торик буданд. Талояи савора тафтишро анљом медод. Се нафар сарбози он, аспњояшонро нигоњ дошта, аз кадом хусусе сўњбат мекарданд. Сарбозе, ки сари талоя буд, - савораи тануманди телпаки юзбошї бар сар, - ба овози паст амр дод:
- Хайр, шуд, шумо рафта ѓанаб кунед, ман боз каме њамин љоњоро аз назар мегузаронам.
Ду савора рафтанд. Юзбошї, аввал атрофро бодиќќат назораву гўш карда, баъд аз асп фуромад ва, онро этак намуда, аз назди корвону устохонањои сафарї, аробањои беаспи саррољону дўзандагон ва силоњсозон сўи юртаи танњои канори бошишгоњ ќадам зад. Ў, сарашро хам кардаву ба садоњои атроф гўш дода, андешамандона мерафту анвори моњи афлок тарњи рўи калонаш ва чашмони хира-хира дурахшони аспашро, ки ањлона аз аќиб равон буд, рўшан мекард.
Эрдене-юзбошї ба юртае наздик шуд, ки аз афти кор, интизораш буданд. Аз юрта зане, рўмол бар китфон, баромад ва мунтазирона назди дари он истод.
- Самбайну*[†], - садояшро пахш карда, ба зан салом дод ў, ва ташвишомез пурсид: - Чї њол доред?
- Њамааш наѓз, шукри Осмон, кор ба хубї анљомид. Дигар ташвиш нашав, - пичиррос зад зан. – Интизорат аст вай, бисёр интизор.
- Ман њам аз љону дил диданаш мехоњам! – љавоб дод Эрдене-юзбошї. - Аксии корро бинед, ки нойон ба њисобукитоби аспњо сар карду се рўзи дароз аз байни гала баромада натавонистам.
- Њељ гап не, Эрдене, худро нахўр. Ин љо њам мешудї, аз дастат чї кор меомад? Аз пеши чашми мардум дур бошї, бењтар. – Занак, тасаллибахшона сар љунбонда, илова намуд: - Аз њама муњимаш – наѓз гузашт, осон таваллуд кард. Ягон бор њам дод назад, тоќат кард. Сањарї дар аробаи пўшида љо кардамаш. Њамааш наѓз, гўё њодисае рўй надодааст. Бисёр олиљаноб аст занат… Ња, чї ин ќадар лаќќидам ман! – Ба худ омад занак. – Бози давлате, ки сари китфат нишаст, насибат кунад! – Муборакбод намуд ў. – Барои писарат ном биёб.
- Осмон дуоятро мустаљоб гардонад, Алтун! Ману Догуланг умрбод аз ту миннатдорем. Ном бошад, меёбем, ѓам нахўр.
Эрдене лаљомро ба занак дод.