Баъд ў боз худро ба даст гирифту имон овард, ки пайдоиши абр бењуда нест ва он баногањ ѓайб нахоњад зад, абрак пайки Осмон аст бар ў; он гоњ вуљудашро боз фарању эњсоси сабукболї, боварї ба дурандешии хешу дурустии юришаш бар тасхири Ѓарб фаро гирифт ва нияти бо шамшеру оташ бунёд намудани салтанати дилхоњи љањонї дар дилаш ќатъитар гашт. Њамин буд маќсади юришаш. Њамин буд раѓбати азалии салтанати њарисона. Њар ќадар, ки сарваташ меафзуд, боз бештар андўхтан мехост…
Рўзњои юриш сипарї мешуданд.
Абри сафед, ягон љониб моил нашуда, шино мекард пеши назари Чингизхон, ки савори саманди машњураш – Хуба роњ мепаймуд. Зотан њамин хел – ёлсафеду думсиёњ буд Хуба.
Донандањо мегуфтанд, ки чунин асп ситораи хоссае дорад, зеро дар њазор сол як бор пайдо мешавад. Саманд не, бодпои бемислу пуртоќате буд Хуба. Мисли селборони гарм, ки башиддат рўи замин мерезад, йўрѓаву тезрафтор буд. Аспе буд, ки лаљомашро сар бидињї, дар гармии талошаш монанди борон, ки то охирин ќатра мерезаду хушк мешавад, то мурдан медавид. Як њофизи ќадим гуфта будааст: рўи ин хел асп одам бовар мекунад, ки абадзинда аст…
Хушбахту ќонеъ буд Чингизхон. Мадори тозаи бемисле эњсос карда, амал намудан, сўи маќсад тохтан мехост; ин лањза гўё худ бодпои хастагинопазире буду бо чорхези мавзун шитобон метохт, гўё чун дарёњо љисману рўњан ба гирдоби пуртуѓёни хуни саманди дартоз дармеомехт.
Оре, савору аспаш лоиќи њам буданду дар ќудрат аз якдигар намемонданд. Њамин буд, ки љулуси савори батанутўши биринљигун нишастани шоњинро мемонд: кафи пойњояшро бо ѓуруру бовари намоишкорона ба рикоб тиргак карда буд; бар асп, чун бар тахт, росту сарбаланд ва бо ифодаи оромии томи чењраи тангчашмаш менишаст ў. Саропояш ќудрату иродати њокими бузургеро аён месохт, ки ќўшуни бешумореро сўи шуњрату пирўзињо мебарад…