Расо ду соли салтанат сарфи омодагии юриши Ѓарб шуд. Баъдтар Чингизхон бовар њосил кард, ки ин ду сол пурфайзтарин давраи љамъоварии ќувваю воситањо буд барои тасхири дунё, расидан ба маќсади дилљўяш, ба даст овардани сарзамину кишварњое, ки бо фатњашон метавонист худро Њокими воќеии Чањор Сўи Олам, дуртарин њудудњои дунё бињисобад; дуртарин њудудњои дунё, ки расидани суми аспсаворони шикастнопазираш имкон дошт. Моњияти мудњиши он њокими сањрої, вазифаи таърихии ў маљмўан дар њамин ѓояи девонаворона, њамин њирси серинопазири дороиву иќтидори мутлаќ ифода меёфт. Аз ин рў, њаёту мамоти салтанати ў – њамаи улусњои тобеаш дар пањнои бепоёни Осиё, кулли ањолии гуногуннажоде, ки зери дасти бетарањњумаш ба таќдир тан дода буданд, љумлаи дорову ќашшоќи шањру бодиянишин ва, нињояти кор, њар як шахс, касеву чикорае набошад, батамом тобеи њамин њирси шайтонии умрбод носер – истилоњои нав ба наву фатњњои тоза ба тозаи сарзамину халќњо буд. Њамин буд, ки њама саросар банди хидмати муштарак буданд, њама ба нияти ягона – љамъ овардану афзудану такмили иќтидори њарбии Чингизхон итоат мекарданд. Ва њама чизе, ки аз конњо ба даст овардану сарфи силоњсозї намуданаш муяссар мешуд, тамоми амали бунёдкоронаи мардум ба коми истилову љањиши муќтадири Чингизхон ба Аврупо, љониби шањрњои бенињоят дорояш, ки њар як сарбозро ѓанимати дилхоње интизор аст, сўи љангалу чарогоњњои то синаи аспон алафзораш, ки ќимиз дарёсон мешорад, фурў мерафт; шарики салтанати дунё хоњад буд њар нафаре, ки зери шўълаи парафшони аждањори парчамњои Чингизхон юриш мекунад ва аз файзи пирўзї, чун аз зане, ки оѓўшаш волотарин лаззати олам аст, бањра хоњад бурд. Ба набарду пирўзиву фатњи сарзаминњо амр медод хоќони бузург ва фармонаш амалї мешуд…