Ана, њамин тавр, устувор, лањзае таъхир накардаву фурсатро аз даст надода, харакат мекарданд ќўшунњо дар он юриш. Ва, бадии кор дар њамин буд, ки занон њам дошт корвони онњо.
Худи Чингизхон, бо ним њазор посбонон – кезегулњову надимон – жасавулњояш, ки дар юриш њамроњиаш мекарданд, чун љазираи шиновар дар байни ќўшунњо њаракат менамуд. Лекин ба тарзи хос – пеш-пеши онњо мерафт ў. Фотењи Чањор Сўи Олам одами зиёдро хуш надошт, махсусан, њангоми юриш, ки бештар сукут кардану ба пеш нигаристан ва андешаи кор намудан лозим аст.
Ў савори саманди дўстдоштааш – Хубаи ањлу беозор, сарисинадамида, ёлсафеду думсиёњ ва нармрафтор, ки зери зини хон ќариб ними дунёро тай карда буд, роњ мепаймуд. Ду аспи эњтиётии низ бењад тобовару даванди дигараш бо рикоби дурахшонафзори хон, ки асппарварони савора мебурданд, сабук равон буданд. Хон аспонашро сарибод, њамин ки яке каме араќ кард, иваз менамуд.
Вале љолибтарин чиз на атрофиёни Чингизхон – кезегулу жасавулњои љасур буданд, ки њаёташон беш аз худашон ба хон тааллуќ дошт ва, бино бар ин, чун дами шамшер бисёр сахтгирона мунтахаб мешуданд ва на самандњои олиљаноби чун зари холис камёбашон. Оре, чизи љолиби он юриш тамоман дигар буд. Тамоми роњ, Чингизхонро аз офтоб панањ карда, болои сараш абре шино менамуд. Куљое, ки мерафт, абр аз паяш равон буд. Абраки сафед, ки њаљми хаймаи калонеро дошт, чун мављуде аз пушти ў мерафт. Ва ба хотири касе намерасид, ки – абр кам аст дар осмон, охир, - он фол аст. Афлок ба Фотењи Оламњо фотиња додааст. Вале худи Чингизхон, ки инро медонист, батадриљ абракро назора карда, бештар бовар њосил менамуд, ки он, дар њаќиќат, аломати Осмон-Тенгри, рамзи ќазост.